Дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии Умари Хайёми пойтахт даври дуюми Озмуни “Қанндонӣ, ҳалвопазӣ ва шириниҳои миллӣ ва муосир” доир гардид
Бо мақсади иҷрои банди 36 Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба «Ҷадвали баргузории ҷашну солгард, фестивалу намоиш, иду озмунҳои фарҳангию маърифатӣ ва анъанаю ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2024 Қарори Раиси шаҳри Душанбе «Дар бораи баргузор намудани даври дуюми Озмуни «Қаннодӣ, ҳалвопазӣ, шириниҳои миллӣ ва муосир» дар шаҳри Душанбе ба тасвиб расид ва ҳамин гуна даври дуюми озмун дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Умари Хайём доир гашт.
Дар даври шаҳрии Озмун ноҳияҳои шаҳри Душанбе ва корхонаҳои истеҳсолии қаннодӣ, ки дар ноҳияҳои пойтахт ҷойгир мебошанд, иштирок намуда, маҳсулоти хешро пешниҳод намуданд. Маврид ба зикр аст, ки даври ноҳиявии Озмуни «Қаннодӣ, ҳалвопазӣ, шириниҳои миллӣ ва муосир» дар ноҳияҳои Шоҳмансур, Исмоили Сомонӣ, Фирдавсӣ ва Сино доир карда шуда, дар он тамоми корхонаҳои истеҳсолии қаннодӣ иштирок намуданд ва беҳтаринҳо ба даври шаҳрии озмун роҳхат ёфтанд.
Дар даври шаҳрӣ дар баробари корхонаҳои истеҳсолӣ фаъолони ноҳияҳои пойтахт низ ширкат варзиданд.
Зимни суханронӣ муовини Раиси шаҳри Душанбе Сорбон Холмуҳаммадзода изҳор дошт, ки ҳадафи баргузории Озмуни мазкур дарёфти истеъдодҳои нав дар соҳаи саноати хурокворӣ аз ҷумла қаннодӣ, ҳалвопазӣ ва ҷалби ҷавонон ба ин соҳа, инчунин рушди минбаъдаи малакаву маҳорати касбии мутахассисони соҳа, тақвият бахшидан ба касбияти баланди ҳунари қаннодиву ҳалвопазӣ, ҷалби бештари сайёҳони хориҷӣ ба кишвар ва тарғибу ташвиқи анъанаҳои арзишманди мероси пурғановати ниёгон ба муносибати сазовор пешвоз гирифтани ҷашни Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маънидод менамоянд.
Пас аз хулосаи ниҳоии аъзои комиссияи даври шаҳрии Озмуни «Қаннодӣ, ҳалвопазӣ, шириниҳои миллӣ ва муосир» ғолибон муайян гардиданд.
Ба ғолибони ҷойҳои якум, дуюм ва сеюм дипломҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва дигар туҳфаҳои хотиравии кумитаи тадорукот дар вазъияти тантанавӣ тақдим гардид.
Ҳамзамон ба як қатор намояндагони корхонаҳои саноативу истеҳсолии пойтахт ҷиҳати иштирок ва саҳми арзан гузоштан дар раванди баргузории даври дуюми Озмуни «Қаннодӣ, ҳалвопазӣ, шириниҳои миллӣ ва муосир» дар шаҳри Душанбе сипосномаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе низ тақдим карда шуд.
Ғолибони озмун ба даври ҷумҳуриявӣ роҳхат ёфтанд.
Барқия Холиқова
“ТВ Душанбе”