Ҷашни 33-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе
Бо дастгириҳои пайваста ва сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корҳои созандагӣ ва бунёдкорӣ имрӯз вусъат дошта, Тоҷикистон ба давлати пешрафта ва зебоманзари дунё табдил ёфтааст.
Имрӯз санаи 6-уми сентябри соли 2024 дар боғи фарҳангиву фароғатии Умари Хаёми ноҳияи Сино бо иштироки Раиси ноҳияи Сино муҳтарам Саидзода Тоҷиддин Ниёз, Муовини Раиси шаҳри Душанбе Абдураҳмонзода Абдураҳмон Сафаралӣ, намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар сохторҳои ноҳияву шаҳрӣ Рӯзи муқаддаси миллӣ-Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар давоми чорабинии миллӣ кули сокинони ноҳия ҳунарҳои мардумии худро намоиш дода аҳли ҷомеа ҷашни 33-юмин солгарди Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистонро сазовор пешвоз гирифтанд.
Дар оғози чорабинӣ Раиси ноҳияи Сино, Муовини Раиси шаҳр ва намояндагони мақомотҳову идораҳо аз ярмаркаҳои таъсисдодашуда назар карда, дастуру супоришҳо барои иштирокчиён бо нархҳои арзон дастрасии маҳсулотҳо дода шуд.
Дар қисми навбатӣ ба аҳли сокинони ноҳия консерт баргузор карда шуд, ки мардум бо шодиву хурсандӣ ба рақс омада ҷашни 33-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро самимона пешвоз гирифтанд.