АЁДАТИ СОБИҚАДОРОНИ ҶАНГИ БУЗУРГИ ВАТАНӢ ДАР НОҲИЯИ СИНОИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ
Бо мақсади иҷрои қарори дахлдори Раиси шаҳри Душанбе дар арафаи ҷашни 33 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ, Ҳалимов Ҳайдар, Нағзибеков Бозор ва Заргаров Мухтор аёдат намуданд. Дар рафти мулоқот бо собиқадорони ҶБВ аз номи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва Раиси ноҳияи Сино муҳтарам Саидзода Тоҷиддин Ниёз тӯҳфаҳои пулӣ тақдим карда шуд.Зимнан таъкид шуд, ки хизматҳои ин фарзонафарзандони миллат ҳеҷ гоҳ фаромуш намешавад ва кору пайкори онҳо барои насли наврас барои ҳамешагӣ мактаби ҷасорату мардонагӣ боқӣ мемонад. Иштирокчиёни ҶБВ ҳам дар навати худ ба Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҷиҳати дастгириву ғамхориҳо ва таваҷҷуҳи хосаву пайваста миннатдорӣ баён намуданд.