Ҳамоиши илмӣ назариявӣ бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Сино
Дар толори маҷлисгоҳи МИҲД – и ноҳияи Сино бо иштироки фаъолзанон ва роҳбарони муассисаҳои олӣ ва миенаи умумӣ ва раисони Шуроҳои занони ташкилоту муассисаҳои ноҳия Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ баргузор гардид. Дар ин чорабинӣ сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи миҳд-и шаҳри Душанбе ва муовини Раиси ноҳияи Сино,намояндаи Кумитаи дин,танзими ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, раёсат, профессорону омӯзгорон ширкат варзиданд.
Дар оғоз муовини раиси ноҳияи Сино Сафарализода Ситора баромад карда, ҳозиринро аз номи Раиси ноҳияи Сино Саидзода Тоҷиддин Ниез бо Рӯзи забони давлатӣ табрик намуд. Дар ҷомеаи муосири Ҷумҳурии Тоҷикистон забони давлатӣ тоҷикӣ буда, халқ бо ин забон сухан мегӯяд. Таҳия ва татбиқи чорабиниҳо, мураттабсозии ҳуҷҷатгузорӣ ва фаъолияти одамон дар асоси забони тоҷикӣ амалӣ мегардад.
Дар баромад таъкид шуд, ки манбаи хушҳолист, ки дар даврони истиқлолияти Ватани азиз мо забони миллӣ дорем ва пояи давлатдорӣ ва ифтихори миллии мо бо пуштибонии шахсияти бузурге – Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки садоқаташ ба муқаддасоти миллат, аз ҷумла забони модарӣ, бемисл аст, мустаҳкам шудааст. Ба шарофати Пешвои миллат забони давлатӣ ба даст омадааст.
Дар идомаи Ҳамоиш Дилрабо Маҳмашарифзода сардори Раесати кор бо занон ва оилаи МИҲД _ и шаҳри Душанбе бо маърӯзаи худ баромад намуда, ҳозиринро бо Рӯзи забони давлатӣ табрик гуфт. Ӯ иброз дошт, ки забон кафолати ҳастии давлат, нишонаи миллат ва муҳимтарин воситаи муоширати байни одамон мебошад. Забон дар тамоми давру замонҳо пояи давлатдорӣ буд, ҳаст ва боқӣ мемонад.
Ҳамзамон таъкид гардид, ки набояд фаромӯш кард, ки забони тоҷикӣ ҳамчун забони давлатӣ на танҳо дар корҳои дохилӣ ва муоширати дохилӣ, балки дар муносибатҳои хориҷии мо низ истифода мешавад.
Сипас, як қатор омӯзгорон бо маърӯзаҳо баромад карда, андешаҳои худро дар бораи мақоми забони давлатӣ ва эҳтироми он баён карданд. Дар фарҷоми Ҳамоиш ба якчанд омузгорон ва собиқадорон бо Сипосномаи Раиси ноҳия сарфароз гардонида шуданд.