МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ СИНОИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

05.10.2024 БАРГУЗОРИИ ЧОРАБИНИИ ИДОНА БА ИФТИХОРИ РӮЗИ ЗАБОНИ ДАВЛАТӢ ВА РӮЗИ ОМӮЗГОРОН ДАР МУАССИСАИ ДАВЛАТИИ ТАЪЛИМИИ “ТАЪЛИМИИ ЛИТСЕЙИ УМАРИ ХАЙЁМ”-И НОҲИЯИ СИНОИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

Published by bro on

5 октябри соли 2024 бо мақсади иҷрои қарори Раиси ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ва фармоиши мудири маорифи ноҳия дар бораи таҷлили бошукӯҳи Рӯзи забони давлатӣ бо ташаббуси маъмурияти муассисаи таълимӣ чорабинии бошукӯҳи идона бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ ва рӯзи омӯзгорон баргузор гардид. Дар чорабинӣ директори муассисаи таълимӣ Назирзода Маҳмадсаид Мадисайн, муовинони директор, собиқадорони соҳаи маориф ва омӯзгорон иштирок намуданд.

Чорабиниро директори муассисаи таълимӣ Назирзода Маҳмадсаид Мадисайн, ифтитоҳ намуда, ҳозиринро ба муносибати Рӯзи забони давлатӣ ва Рӯзи омӯзгорон самимона шодбош гуфтанд. Номбурда аз дастгириҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шуда, оид ба мақом ва эҳтиром ба забони давлатӣ инчунин баланд бардоштани мавқеи омӯзгор дар ҷомеа аз тарафи ҳукумати мамлакат ибрози назар намуданд.

Дар идомаи чорабинии имрӯза бо мақсади арҷгузорӣ ба заҳматҳои омӯзгорон 3 нафар бо нишони ифтихории “Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон”, 3 нафар бо Ифтихорномаи Вазири маориф ва илм, 6 нафар бо Сипосномаи Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе, 15 нафар Сипосномаи мудири шуъбаи маорифи ноҳия ва 25 нафар бо сипоснома директори муассисаи таълимӣ қадрдонӣ карда шуданд.

Боиси зикр аст, ки Муассисаи давлатии таълимии “Литсейи Умари Хайём”-и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе дар пайравӣ ба сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва иқдомҳои созандаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба хотири арҷгузорӣ ба заҳматҳои аҳли маориф, яъне омӯзгорон ҳамеша тадбирҳои судманд андешида, ин чорабинии бошукуҳ давоми иқдомоти мазкур ба шумор меравад.