МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ СИНОИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ба фаъолияти корхонаи истеҳсоли нӯшокиҳои ташнашикан ҶДММ «АРК саноат» оғоз бахшиданд

Published by bro on

Октябрь 29, 2024 13:19

ДУШАНБЕ, 29.10.2024 /АМИТ «Ховар»/.29 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба фаъолияти ҶДММ “АРК саноат” оғоз бахшиданд.

Корхонаи “АРК саноат” аз ҷониби соҳибкор Рустам Раҳимов дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе сохта шудааст.

Самти фаъолияти корхона истеҳсоли нӯшокиҳои ташнашикан буда, дар он 28 номгӯи маҳсулот бо риояи талаботи стандартҳои ватанию ҷаҳонӣ бароварда мешавад.

Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки хатҳои технологии корхона аз бонуфузтарин ширкатҳои ҷаҳонӣ ворид карда шудаанд.

Иқтидори лоиҳавии корхона дар як сол баробар ба истеҳсоли 8 миллион зарфи нӯшокиҳои ташнашикан буда, маҳсулоти он дар шаклу ҳаҷми гуногун пешниҳоди бозори истеъмолӣ карда  мешавад.

Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки хатҳои технологии корхона аз бонуфузтарин ширкатҳои амрикоиву аврупоӣ, аз ҷумла аз кишварҳои Канада, Италия ва Чехия ворид карда шудааст.

Бо таъсис ва ба фаъолият оғоз намудани иншооти нави саноатӣ 40 нафар сокини маҳаллӣ бо кор ва маоши хуб таъмин гардиданд.

Васли хатҳои нави истеҳсолӣ, ки ояндаи наздик сурат мегирад, ба афзоиши иқтидори истеҳсолӣ, номгӯи маҳсулот ва шумораи кормандон мусоидат хоҳад кард.

Ашёи хом аз дохил ва қисман аз хориҷи кишвар ворид ва дар анборҳои махсус бо риояи талабот захира карда мешавад.

Маҳсулоти ниҳоӣ қабл аз муомилот дар озмоишгоҳи корхона бо усулҳои махсус ташхис шуда, мутахассисон таркиб ва бехатарии онро тавассути дастгоҳҳои муосир месанҷанд.

Пас аз шиносоӣ бо раванди фаъолият ва иқтидори истеҳсолӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз намоиши маҳсулоти корхона боздид намуда, иқдоми соҳибкорро намунаи ибрат номиданд.

Тибқи маълумоти оморӣ аз аввали соли 2024 то ба имрӯз дар шаҳри Душанбе зиёда аз 100 иншооти нави саноатӣ бунёд шудааст. Дар ин корхонаҳо наздик ба 2000 сокинон бо кор ва маоши хуб таъмин гардидаанд.

Дар заминаи таваҷҷуҳ ва дастгириҳои пайвастаи Роҳбари давлат нисбат ба бахши хусусӣ, имконот ва иқтидорҳои мавҷуда аз ҷониби соҳибкорон васеъ истифода шуда, татбиқи лоиҳаҳои марбут ба рушди саноату истеҳсолот вусъат дода мешавад.

Ин раванд барои таъмини устувори иқтисодиёт, ташкили ҷойҳои кории нав, баланд бардоштани иқтидори саноатии кишвар ва рақобатнокии он замина мегузорад.

Ифтитоҳи корхонаи истеҳсоли нӯшокиҳои ташнашикан ҶДММ “АРК саноат” дар шаҳри Душанбе 29.10.2024

khovar.tj