МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ СИНОИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

КОНФЕРЕНСИЯИ ИЛМӢ-НАЗАРИЯВӢ ВА БАРНОМАИ ФАРҲАНГӢ БАХШИДА БА 30-СОЛАГИИ КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ТАҲТИ УНВОНИ “КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ ҲУҚУҚУ ОЗОДИҲОИ ИНСОН ВА ОМИЛИ РУШДИ ТАРБИЯИ ВАТАНДӮСТИИ ШАҲРВАНДОН” ДАР НОҲИЯИ СИНОИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ.

Published by bro on

Бо дастгириҳои пайваста ва сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корҳои созандагӣ ва бунёдкорӣ имрӯз вусъат дошта, Тоҷикистон ба давлати пешрафта ва зебоманзари дунё табдил ёфтааст.

Имрӯз санаи 2-юми ноябри соли 2024 дар асоси Қарори дахлдори Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар “МД” мактаби бачагонаи санъат ба номи Одина Ҳошим бо иштироки Раиси ноҳияи Сино муҳтарам Саидзода Тоҷиддин Ниёз, Муовини Раиси шаҳри Душанбе Холмуҳамадзода Сорбони Амирхонӣ, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустам Шоҳмурод, Раиси бонки миллии Тоҷикистон Толибзода Фирдавс Назримад, намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Сино, намояндагони ҳифзи ҳуқуқ ва дигар сохторҳои ноҳияву шаҳрӣ, Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар аввали чорабинии мазкур Раиси ноҳияи Сино, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси бонки миллии Тоҷикистон ва Прокурори ноҳия бо маърузаҳо оид ба 30-солагии Конститутсия баромад намуда, дар давоми чорабинӣ барномаи фарҳангӣ-фароғатӣ намоиш дода аҳли ҷомеа Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро сазовор пешвоз гирифтанд.