Ифтитоҳи бинои Прокуратураи ноҳияи Сино
5 декабр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бинои нави Прокуратураи ноҳияи Сино ва Донишкадаи омӯзиши масъалаҳои қонуният, тартиботи ҳуқуқӣ, ҷинояткорӣ ва такмили ихтисоси кормандони мақомоти Прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистонро мавриди истифода қарор доданд.
Ин иншоот, ки тарҳи муосир ва шароити мусоиди корӣ доранд, ба ташаккули самтҳои фаъолият дар мақомоти прокуратураи кишвар заминаи муассир мегузорад.
Бинои нави Прокуратураи ноҳияи Сино дорои 38 ҳуҷраи муҷаҳҳаз бо лавозимоти соҳавӣ буда, истифода аз ин имконот ба таъмини ҳарчи бештари шароити корӣ мусоидат менамояд.
Маҷлисгоҳ бо 130 ҷойи нишаст, китобхона, толори машқу тамрин, ошхона ва дигар иншооти ёрирасон раванди фаъолияти ин ниҳоди назоратиро мукаммал мегардонад.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз шиносоӣ бо ин имконоти фароҳамшуда масъулинро дар самти пешгирии қонуншиканиҳо, аз ҷумла терроризму экстремизм ва таъмини волоияти қонун бо роҳи ташаккули маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон вазифадор намуданд.
Сипас, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо раванди фаъолият дар Донишкадаи омӯзиши масъалаҳои қонуният, тартиботи ҳуқуқӣ, ҷинояткорӣ ва такмили ихтисоси кормандони мақомоти Прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон шинос шуданд.
Таъсиси донишкада маҳсули тадбирҳои саривақтии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буда, дар омода намудани кадрҳои баландихтисос, лаёқатманд ва аз лиҳози ҳуқуқӣ рушдёфта нақши муассир дорад.
Донишкадаи омӯзиши масъалаҳои қонуният, тартиботи ҳуқуқӣ, ҷинояткорӣ ва такмили ихтисоси кормандони мақомоти Прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон 13 толор, 17 ҳуҷраи корӣ, синфхонаҳои компютерӣ, китобхона ва дигар инфрасохтори мукаммал дорад, ки ба ташаккули дониши ҳуқуқӣ ва тақвияти маҳорати касбии кормандон мусоидат менамояд.
Тибқи талабот дар донишкада курсҳои кутоҳмуддати бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси кормандон аз рӯйи ихтисосҳои ҳуқуқшиносӣ, фаъолияти судӣ, прокурорӣ ва муфаттишӣ ба роҳ монда шуда, ҳамасола зиёда аз 600 корманди мақомоти прокуратура метавонанд дар доираи барномаҳои таълимӣ дониш ва малакаи касбии худро такмил диҳанд.
Таълим аз ҷониби 17 омӯзгори соҳибтахассус сурат мегирад, ки дар ин ниҳоди назоратӣ собиқаи зиёди корӣ доранд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулин барои омӯзиши амиқи донишҳои соҳавӣ ба кормандон ва истифодаи имкониятҳои мавҷуда дар самти такмили таҷриба ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ дастуру ҳидоятҳо доданд.