БАРГУЗОРИИ ИҶЛОСИЯИ ҒАЙРИНАВБАТИИ БИСТУ ДУЮМИ МАҶЛИСИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚИ НОҲИЯИ СИНОИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ, ДАЪВАТИ ШАШУМ
Имрӯз дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, Иҷлосияи ғайринавбатии бисту дуюми Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Сино (даъвати шашум) бо баррасии муҳимтарин масъалаҳои иқтисодиву иҷтимоиии ноҳия баргузор гардид.
Дар рафти иҷлосияи мазкур, вакилони халқи ноҳияи Сино, муовинони Раиси ноҳия, Роҳбари дастгоҳи Раиси ноҳия, мудирони шуъба ва бахшҳои дастгоҳи Раиси ноҳия, воҳидҳои сохтории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Сино, намояндагони мақомоти қудратӣ, роҳбарони муассисаҳои таълимӣ, мудирони муассисаҳои томактабӣ, раисони маҳаллаҳо, имомхатибони масҷидҳои панҷвақтаи ноҳия, иштирок намуданд.
Иҷлосияи мазкур мутобиқи Қонуни Конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ” ва дар асоси қарори Раиси ноҳияи Сино муҳтарам Саидзода Тоҷиддин Ниёз даъват шуда, бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардид.
Пас аз интихоби ҳайати Котибот ва тасдиқи рӯзномаи иҷлосия, ба дида баромадани масъалаҳои рӯзнома шурӯъ намуданд.
Ба муҳокимаи Иҷлосияи мазкур, масъалаҳои зерин гузошта шуданд:
- Дар бораи муқаррар намудани миқдори ҳавзаҳои интихоботӣ барои Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе;
- Дар бораи таъсис додани Комиссияи ноҳиявии интихобот оид ба интихоботи Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе.
Сипас, вобаста ба масъалаҳои баррасишуда аз ҷониби Вакилони халқи ноҳия қарорҳои дахлдор қабул гардида, Иҷлосияи ғайринавбатии бисту дуюми Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Сино (даъвати шашум) бо садо додани Суруди миллӣ ба анҷом расид.