МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ СИНОИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

БАРГУЗОРИИ ИҶЛОСИЯИ БИСТУ СЕЮМИ МАҶЛИСИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚИ НОҲИЯИ СИНОИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ, ДАЪВАТИ ШАШУМ.

Published by bro on

Имрӯз дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Иҷлосияи бисту сеюми Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Сино (даъвати шашум) бо баррасии муҳимтарин масъалаҳои иқтисодиву иҷтимоии ноҳия баргузор гардид.

Дар кори иҷлосияи мазкур, вакилони халқи ноҳияи Сино, муовинони Раиси ноҳия, роҳбари дастгоҳи Раиси ноҳия, мудирони шуъба ва бахшҳои дастгоҳи Раиси ноҳия, воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроия, сохторҳои қудратӣ, роҳбарони муассисаҳои таълимӣ ва томактабӣ, раисони маҳаллаҳо, имомхатибони масҷидҳои панҷвақтаи ҷомеъ ва Васоити ахбори омма, ки вакил нестанд, иитирок намуданд.

Иҷлосия мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ” ва дар асоси Қарори  Раиси ноҳияи Синои шаҳри Душанбе муҳтарам Саидзода Тоҷиддин Ниёз даъват шуда, бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардид.

Ҳамзамон, қайд бояд намуд, ки мутобиқи моддаи 13-и Қонуни Конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ” Иҷлосияи Маҷлиси вакилони халқи ноҳия оид ба масъалаҳои иҷтимоию иқтисодӣ баргузор гардид.

Пас аз интихоби ҳайати Котибот ва тасдиқи рӯзномаи иҷлосия, ба дида баромадани масъалаҳои рӯзнома шурӯъ намуданд.

Ба муҳокимаи иҷлосияи мазкур, масъалаҳои зерин гузошта шуданд:

Дар бораи ҳисоботи  Раиси ноҳияи Синои шаҳри Душанбе “Оид ба натиҷаи ҷамъбасти рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе дар соли 2024 ва вазифаҳо барои соли 2025”;

Оид ба лоиҳаи буҷети  ноҳияи Синои шаҳри Душанбе дар соли 2025 ва тасдиқи иҷрои буҷети ноҳияи Синои  шаҳри Душанбе дар соли 2025;

Дар бораи тасдиқи қарорҳои  Раиси ноҳияи Синои шаҳри Душанбе.

Сипас, вобаста ба масъалаҳои баррасишуда аз ҷониби вакилони халқи ноҳия қарорҳои дахлдор қабул гардида, кори Иҷлосияи бисту сеюми Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Сино, даъвати шашум бо садо додани Суруди миллӣ ба кори худ анҷом бахшид.