МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ СИНОИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

Published by bro on

Имрӯз дар Муассисаи давлатии “Филармонияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба номи Акашариф Ҷураев таҳти роҳбарии Роҳбари дастгоҳи Раиси ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Мирзоалиев Шерали Сафаралиевич ҷиҳати дар сатҳи баланд баргузор намудани интихоботи дар пешистода ҷаласаи корӣ доир гардид.
Таъкид карда шуд, ки интихобот маъракаи муҳими сиёсӣ буда, дар доираи талаботи қонунгузории миллӣ ва стандартҳои байналмилалӣ озод, шаффоф ва ошкоро баргузор намудани он омили таҳкими эътимоду боварӣ дар ҷомеа маҳсуб меёбад. Ҷиҳати ноил гардидан ба ин мақсад боло бурдани сатҳи маърифати ҳуқуқии ҷомеа оид ба масъалаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи интихоботи вакилон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлиси маҳаллии вакилони халқ зарур мебошад.
Дар охир ба масъулин дастур дода шуд, ки ҳама ҳавзаву участкаҳои интихоботӣ сари вақт омода гардида, барои ба таври демократӣ, шаффоф ва ошкоро баргузор шудани интихобот шароити зарурӣ фароҳам оварда шавад.