БАРГУЗОРИИ СЕМИНАР-МАШВАРАТИ ОМӮЗИШӢ БО АЪЗОЁНИ КОМИССИЯИ ҲАВЗАИ ИНТИХОБОТИИ СИНО №4
Имрӯз санаи 15.01.2024 бо ташаббуси Комиссияи ҳавзавии интихоботии якмандатаи Сино №4 оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон семинар – машварати омӯзишӣ дар МД Литсейи Умари Хайёми ноҳияи Сино бо аъзоёни комиссияи ҳавзаи интихоботии Сино №4 бо иштироки
Мирзоалиев Шералӣ- роҳбари дастгоҳи Раиси ноҳияи Сино, Самадзода Наврӯз – котиби Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қурбонов Аламхон – раиси комиссияи ҳавзавии интихоботии вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, Зувайдуллозода Муҳибулло – раиси Ҳавзавии интихоботии якмандатаи Сино №4 оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Холиқов Абдулло– раиси комиссияи ҳавзавии интихоботии вакилони маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Сино ташкил ва баргузор гардид.
Дар семинар – машварат вобаста ба омода намудани участкаҳои интихоботӣ, фароҳам овардани шароити муносиб барои интихобкунандагон, тартиб додани рӯйхати дурусти интихобкунандагон, омода кардани бино ва қуттиҳои овоздиҳӣ, ба роҳ мондани ҳуҷҷатгузории участкаҳои интихоботӣ, фароҳам овардани шароити мусоид ба мушоҳидони миллӣ ва байналмилалӣ, ҳамкории зич бо васоити ахбори омма ҷиҳати тарғибу ташвиқи интихобот ва дигар масъалаҳо мавриди муҳокима қарор дода шуд.