МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ СИНОИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

Идомаи боздиди иҷрокунандаи вазифаи Раиси ноҳияи Синои шаҳри Душанбе муҳтарам Гуреззода Умед аз вазъи омодагии участкаву ҳавзаҳои интихоботии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе

Published by bro on

Санаи 04 феврали соли 2025 И. В. Раиси ноҳияи Синои шаҳри Душанбе муҳтарам Гуреззода Умед боздиди худро аз вазъи омодагии участкаву ҳавзаҳои интихоботии ноҳияи Сино, хусусан участкаҳои дар маҳаллаҳои воридшуда ҷойгирбуда идома доданд.

Зимни шиносоӣ аз вазъи ҳавзаву участкаҳо муҳтарам Гуреззода Умед бо аъзоёни комиссияҳои ҳавзавию участкавӣ мулоқот намуда, таъкид намуданд, ки ҷиҳати дар доираи талаботҳои қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон беғаразона ва шаффоф гузаронидани интихобот тадбирҳои заруриро роҳандозӣ намоянд.