МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ СИНОИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ СИНОИШАҲРИ ДУШАНБЕ БАРОИ ИШҒОЛИ МАНСАБҲОИ ХОЛИИ ЗЕРИНОЗМУН ЭЪЛОН МЕНАМОЯД.

Published by bro on

Ба қарори Раиси ноҳияи

     Синои шаҳри Душанбе

             аз 3 феврали соли 2025, №11

        тасдиқ шудааст

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ СИНОИ

ШАҲРИ ДУШАНБЕ БАРОИ ИШҒОЛИ МАНСАБҲОИ ХОЛИИ ЗЕРИН

ОЗМУН ЭЪЛОН МЕНАМОЯД.

Дастгоҳи Раиси ноҳия

1.Сармутахассиси шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа 2 ҷой, маоши мансабӣ – 1902,40 сомонӣ;

2.Сармутахассиси шуъбаи назорати иҷро 1 ҷой, маоши мансабӣ 1902,40 сомонӣ;

3.Мутахассиси шуъбаи коргузорӣ, назорат ва муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ 1 ҷой, маоши мансабӣ 1276,00 сомонӣ;

Воҳидҳои сохтори Мақомоти иҷроияи

     ҳокимияти давлатии ноҳия

1. Мудири шуъбаи коммуналӣ ва манзилӣ 1 ҷой, маоши мансабӣ- 2560,25 сомонӣ;

2. Сармутахассиси шуъбаи сохтмон ва меъмории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе 1 ҷой, маоши мансабӣ-1902,40;

3. Мутахассиси пешбари шуъбаи маориф 1 ҷой, маоши мансабӣ 1554,40 сомонӣ;

4. Мутахассиси пешбари шуъбаи коммуналӣ ва манзилӣ 1 ҷой, маоши мансабӣ 1554,40 сомонӣ.

Барои иштирок дар озмун

ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд

– ариза ба унвони роҳбари мақоми давлатӣ бо шакли дар замимаи 1

пешбинигардида;

– варақаи шахсии ба ҳисобгирии кадрҳо (бо 2 дона акси андозаи 3х4);

– тарҷумаи ҳол;

– нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот;

– нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ (ба ғайр аз ҳолатҳое, ки шахс собиқаи меҳнатӣ

надорад);

– маълумотнома оид ба вазъи саломатӣ дар шакли 038 УЕ

– нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда;

– эъломия дар бораи даромадҳо ва вазъи молумулкии худ;

– нусхаи шиноснома;

– нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо намудаанд)

– маълумотнома (резюме) дар шакли хаттӣ ва электронӣ;

– маълумотнома оиди надоштани доғи судӣ (иловатан)

Барои ишғоли мансаби мудири шуъба

-таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ , ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;

-4 сол собиқаи хизмати давлатӣ ва 5 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

-малакаи кор бо компютер.

Барои ишғоли мансаби сармутахассис

-таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ , ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;

-2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ва 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

-малакаи кор бо компютер.

Барои ишғоли мансаби мутахассиси пешбар

-таҳсилоти олии касбӣ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;

-малакаи кор бо компютер.

Барои ишғоли мансаби мутахассис

-таҳсилоти олии касбӣ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;

-малакаи кор бо компютер.

Суроғаи қабули ҳуҷҷатҳо

Хиёбони Исмоили Сомонӣ 62, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳо телефон: 250 30 30, 250 30 25

Қабули ҳуҷҷатҳо тибқи эълони озмун дар нашрияҳои расмӣ

Эзоҳ: Иловапулӣ ба маоши мансабӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ ба андозаи муқарраргардида пардохт карда мешавад.