БАРГУЗОРИИ ЧОРАБИНИИ ФАРҲАНГӢ-ФАРОҒАТӢ БАХШИДА БА “РӮЗИ МОДАР” ДАР НОҲИЯИ СИНОИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ
“МОДАР-ЧАШМАИ МЕҲР”
Санаи 5-уми марти соли 2025 бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе дар толори МД Литсейи Умари Хайём бахшида ба “Рӯзи Модар” чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор карда шуд, ки дар он занону бонувони касбу кори гуногун ва собиқадорони меҳнат бо як рӯҳияи идона ва шукргузорӣ аз ин фазои амну осоиштаи Ватани соҳибистиқлол иштирок намуданд.
Чорабинии мазкурро Муовини якуми Раиси ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Искандарзода Беҳруз бо суханони
ифтитоҳӣ оғоз намуда, аҳли нишастро ба ин рӯзи фараҳбахш, ки мазҳари зебоиву садоқат, чашмаи ҷӯшони ҳаёти башарият, сароғоз ва сарчашмаи меҳру муҳаббат аст, табрику шодбош намуда, иброз доштанд, ки сарчашма ва сабаби ҳастии башарият маҳз, Зан-Модар ба шумор меравад. Бо арҷгузорӣ ба ин шахсияти нотакрор, ки зиндагӣ аз нафаси гарму дилнавозаш сарчашма мегирад, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста дар суханрониҳояшон аз қадру манзалати ин олиҳаи зебоӣ таъкид менамоянд, ки маҳз меҳру муҳаббати беинтиҳои модарон аст, ки ҳар сол ин ҷашн дар сатҳи давлатӣ бо шукӯҳу шаҳомати ба худ хос таҷлил мегардад.
Дар давоми чорабинии мазкур Муовини якуми Раиси ноҳия Искандарзода Беҳруз ва Муовини Раиси ноҳия Сафарализода Ситора дар ҳамбастагӣ ба занони фаъолу собиқадорони ноҳияи Сино сипосномаву туҳфаҳои хотирмон аз номи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе тақдим намуданд.
Дар фарҷом, барномаи рангини фарҳангӣ бо иштироки ҳунармандони саршинохти кишвар, ки саршор аз меҳру муҳаббат ва накҳату нафосати Зан-Модар бахшида шуда буд, чорабинӣ ба итмом расид.