ТАБРИКОТИ И.В.РАИСИ НОҲИЯИ СИНОИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ МУҲТАРАМ ГУРЕЗЗОДА УМЕД БАХШИДА БА РӮЗИ МОДАР
Муҳтарам занон ва модарон, Бонувон ва хоҳарони азиз!
Бо таманниёти хушнудӣ ба ифтихори ҷашни мубораку фархундаи “Рӯзи Модар”, ки ҳар сол дар рузҳои нахустини фасли зебои баҳор фаро мерасад, ҳамаи Шумо ва кулли занону модаронро сидқан шодбош мегуям. Ба ҳар яки Шумо пеш аз ҳама саломатӣ, хушбахтии оилавӣ ва рӯзгори ободу босаодат орзу менамоям.
Ба оғози баҳор ва давраи омодагӣ ба Наврӯз рост омадани Рӯзи Модар рамзи пурнерӯи бузурги зиндагиофари олиҳаи зиндагӣ зан-модар аст. Зеро агар Наврӯз оғози эҳёи табиат бошад, зан модар офарандаи ҳаёти инсон мебошад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо дарназардошти нақши муассили занону бонувон дар ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии кишвар, таъмини ҳуқуқу манфиатҳои занону модаронро яке аз самтҳои муҳими сиёсати Ҳукумату давлат қарор додааст.
Ба ибораи дигар зиндагии аҳли башар аз домони поки модар ва шири сафеду ҷонбахши у сарчашма мегирад. Тамоми бузургони оламро ки ҳимматҳои барҷастаи таърихӣ анҷом додаанд ва инсоният бо ному корномаи онҳо ифтихор мекунад, маҳз Модар аст, ки онҳоро ба дунё овардааст ва дар оғӯши пурмеҳри худ парваридааст.
Бори дигар занону модарони азиз ва бонувону хоҳарони арҷумандро ба ифтихори ҷашни фархундаи Рӯзи Модар табрику таҳният гуфта, ба ҳар яки шумо тандурустиву хушбахтӣ, бахту иқболи нек ва рӯзгори ободу осуда орзу менамоям.
Рӯзи Модар муборак бошад!