МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ СИНОИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВАҲО БА КОДЕКСИ ҶИНОЯТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Published by bro on

Моддаи 1. Ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 майи соли 1998 қабул шудааст (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 1998, №9, мод. 68, мод. 69, №22, мод. 306; с. 1999, №12, мод. 316; с. 2001, №4, мод. 149, мод. 167; с. 2002, №11, мод. 675, мод. 750; с. 2003, №8, мод. 456, мод. 468; с. 2004, №5, мод. 346, №7, мод. 452, мод. 453; с. 2005, №3, мод. 126, №7, мод. 399, №12, мод. 640; с. 2007, №7, мод. 665; с. 2008, №1, қ. 1, мод. 3, №6, мод. 444, мод. 447, №10, мод. 803, №12, қ. 1, мод. 986, №12, қ. 2, мод. 992; с. 2009, №3, мод. 80, №7-8, мод. 501; с. 2010, №3, мод. 155, №7, мод. 550; с. 2011, №3, мод. 161, №7-8, мод. 605; с. 2012, №4, мод. 258, №7, мод. 694; с. 2013, №6, мод. 403, мод. 404, №11, мод. 785, №12, мод. 881; с. 2014, №3, мод. 141, №7, қ. 1, мод. 385, мод. 386; с. 2015, №3, мод. 198, мод. 199, №11, мод. 949, №12, қ. 1, мод. 1107; с. 2016, №3, мод. 127, №5, мод. 355, мод. 356, №7, мод. 608, мод. 609, №11, мод. 874, мод. 875; с. 2017, №1-2, мод. 2, мод. 3, №7-9, мод. 586; с. 2018, №1, мод. 4, мод. 5, №5, мод. 266, №7-8, мод. 522; с. 2019, №1, мод. 1, мод. 2, №6, мод. 311; с. 2020, №1, мод. 8, мод. 9, №7-9, мод. 607, мод. 623, №12, мод. 904; с. 2021, №4, мод. 196, №12, қ. 2, мод. 683; с. 2022, №7, мод. 437, мод. 438, №12, қ. 2, мод. 764, мод. 765; с. 2023, №11, мод. 457, мод. 458; с.2024, №5-6, мод.251), иловаҳои зерин ворид карда шаванд:

1. Ба қисми 6 моддаи 49 пас аз рақами «253,» рақам ва калимаҳои «2531 (ба истиснои қисми 3),» илова карда шаванд.

2. Моддаи 2531 бо мазмуни зерин илова карда шавад:

«Моддаи 2531. Вайрон кардани қоида ва меъёрҳои истифодаи қувваи барқ

1. Аз берун дахолат намудан ба таҷҳизоти ҳисоби барқӣ ва тағйир додани нишондоди он бо мақсади насупоридани маблағи истифодаи қувваи барқ, инчунин истифодаи қувваи барқ бе пайвасткунӣ ба таҷҳизоти ҳисоби барқӣ, агар чунин кирдор дар давоми як соли пас аз татбиқи ҷазои маъмурӣ содир шуда бошад, –

бо ҷарима ба андозаи аз сесаду шасту панҷ то панҷсаду чилу ҳафт нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати то се сол ҷазо дода мешавад.

2. Ҳамин кирдор, агар:

а) ба миқдори калон;

б) аз ҷониби шахс бо истифода аз мақоми хизматӣ;

в) аз ҷониби гурӯҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ содир шуда бошад,–

бо ҷарима ба андозаи аз ҳаштсад то як ҳазору дусад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз се то шаш сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати то се сол ҷазо дода мешавад.

3. Кирдорҳои пешбининамудаи қисмҳои якум ё дуюми ҳамин модда, агар:

а) ба миқдори махсусан калон;

б) аз ҷониби гурӯҳи муташаккил ё иттиҳоди ҷиноятӣ (ташкилоти ҷиноятӣ) содир шуда бошанд,–

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз шаш то даҳ сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати то панҷ сол ҷазо дода мешаванд.».

Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмии он мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе, 15 апрели соли 2025, №2163

Қарори Маҷлиси миллии

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 11 апрели соли 2025, №26

Қарори Маҷлиси намояндагони

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 2 апрели соли 2025, №46

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИР БА КОДЕКСИ ҲУҚУҚВАЙРОНКУНИИ МАЪМУРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Моддаи 1. Моддаи 382 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 декабри соли 2008 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2008, №12, қ. 1, мод. 989, мод. 990; с. 2009, №5, мод. 321, №9-10, мод. 543; с. 2010, №1, мод. 2, мод. 5, №3, мод. 153, №7, мод. 547, №12, қ. 1, мод. 812; с. 2011, №6, мод. 430, мод. 431, №7-8, мод. 610, №12, мод. 838; с. 2012, №4, мод. 256, №7, мод. 685, мод. 693, №8, мод. 814, №12, қ. 1, мод. 1004; с. 2013, №3, мод. 181, №7, мод. 508; с. 2014, №3, мод. 143, мод. 144, №7, қ. 1, мод. 389, мод. 390; с. 2015, №3, мод. 201, №7-9, мод. 707, мод. 708, №11, мод. 955, №12, қ. 1, мод. 1108; с. 2016, №3, мод. 130, мод. 131, мод. 132, №5, мод. 359, мод. 361, №7, мод. 613, мод. 614, №11, мод. 877; с. 2017, №1-2, мод. 5, мод. 6, №5, қ. 1, мод. 275, №7-9, мод. 568, мод. 585; с. 2018, №1, мод. 9, №5, мод. 268, мод. 269; с. 2019, №1, мод. 8, №6, мод. 312, мод. 313, №7, мод. 464; с. 2020, №1, мод. 6, №7-9, мод. 604, мод. 606, мод. 621, №12, мод. 900, мод. 901; с. 2021, №6, мод. 384, мод. 385, №12, қ. 2, мод. 686, мод. 687, мод. 688, мод. 689; с. 2022, №1-3, мод. 12, №7, мод. 443, №12, қ. 2, мод. 768; с. 2023, №4-6, мод. 155, №11, мод. 459; с. 2024, №1-2, мод. 3, мод. 4, №5-6, мод. 253, №7-11, мод. 518, мод. 519) дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

«Моддаи 382. Риоя накардани қоидаҳои истифодаи қувваи барқ ва гармӣ

Барои истифодаи қувваи барқ бе пайвасткунӣ ба таҷҳизоти ҳисоби барқӣ, худсарона пайваст шудан (насб шудан) ба шабакаҳо ва дастгоҳҳои таъминоти барқ, истифодаи қувваи барқ ва гармӣ бе асбобҳои зарурии назоратӣ ва баҳисобгирӣ ё бе шартнома бо ташкилотҳои таъминоти қувваи барқ ва гармӣ, кандан ва шикастани пломбаҳои муқарраршудаи асбобҳои андозагирӣ, инчунин аз берун дахолат намудан ба таҷҳизоти ҳисоби барқӣ ва тағйир додани нишондоди он бо мақсади насупоридани маблағи истифодаи қувваи барқ, ҳангоми набудани аломатҳои таркиби ҷиноят, –

ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз бист то сӣ, ба шахсони мансабдор аз сӣ то панҷоҳ ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз дусад то сесад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад.».

Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе, 15 апрели соли 2025, №2164

Қарори Маҷлиси миллии

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 11 апрели соли 2025, №27

Қарори Маҷлиси намояндагони

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 2 апрели соли 2025, №48