МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ СИНОИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

Даври ноҳиявии озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикистон – Ватани азизи ман”

Published by bro on

Бо мақсади иҷрои амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон           №АП-1335 аз 5 феврали соли 2020 бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 20 августи соли 2020 дар толори Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи А.Ҷўраев даври ноҳиявии озмуни ҷумруриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» баргузор гардид.

Мавриди зикр аст, ки дар баргузории озмуни мазкур аз 300 нафар довталабон ба даври нохиявӣ барои иштирок 65 нафар роҳхат гирифта, маҳорати худро дар ҷодаи санъати оҳангсозӣ, навозандагӣ ва сарояндагӣ пешкаши ҳакамон гардониданд.

Дар натиҷа аз 65 нафар иштирокчиёни озмун 32 нафар ҷойҳои намоёнро ишғол намуда, роҳхат ба даври шаҳрии озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» гирифтанд.

Аз ҷониби Комиссияи тадорукоти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ғолибони озмун бо Диплом ва тўҳфаҳои хотиравӣ, инчунин барои иштироки фаъолона бо ифтихорномаҳо қадрдонӣ карда шуданд.

ҳамзамон, аз ҷониби Комиссияи тадорукоти ноҳия мукофотпулӣ ва тўҳфа барои ишғоли «Шоҳҷоиза» омода карда шуд, ки аз байни иштирокчиён «Шоҳҷоиза» насиби Шарипова Дилбар – омўзгори Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи М.Турсунзода дар номинатсияи сарояндагии анъанавӣ гардид