МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ СИНОИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ БАРОИ ИШҒОЛИ МАНСАБҲОИ ХОЛИИ ЗЕРИН ОЗМУН ЭЪЛОН МЕНАМОЯД
Замима
ба қарори Раиси ноҳияи
Синои шаҳри Душанбе
аз «1» майи соли 2025, №80
МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ СИНОИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ БАРОИ ИШҒОЛИ МАНСАБҲОИ ХОЛИИ ЗЕРИН ОЗМУН ЭЪЛОН МЕНАМОЯД.
Дастгоҳи Раиси ноҳия
- Сармутахассиси шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа:
Талаботи тахассусӣ барои довталабон:
-таҳсилоти олии касбии гуманитарӣ, ҳуқуқшиносӣ, сиёсатшиносӣ, фарҳангшиносӣ, равоншиносӣ, иқтисодӣ, ҷомеашиносӣ ва идоракунии давлатӣ;
– 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
– маоши мансабӣ 1902,40 сомонӣ (тибқи ҷадвали ягонаи тарифӣ).
- Мутахассиси пешбари бахши молия ва муҳосиботи дастгоҳи Раиси ноҳияи Синои шаҳри Душанбе:
Талаботи тахассусӣ барои довталабон:
– таҳсилоти олии касбии иқтисодӣ, молиявӣ, муҳосибӣ.
-маоши мансабӣ 1554,40 сомонӣ (тибқи ҷадвали ягонаи тарифӣ).
- Мутахассиси пешбари бахши ҳуқуқи дастгоҳи Раиси ноҳияи Синои шаҳри Душанбе:
Талаботи тахассусӣ барои довталабон:
– таҳсилоти олии касбии ҳуқуқшиносӣ;
-маоши мансабӣ 1554,40 сомонӣ (тибқи ҷадвали ягонаи тарифӣ).
- Мутахассиси шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси ноҳияи Синои шаҳри Душанбе:
Талаботи тахассусӣ барои довталабон:
-таҳсилоти олии касбии гуманитарӣ, ҳуқуқшиносӣ, сиёсатшиносӣ, фарҳангшиносӣ, равоншиносӣ, иқтисодӣ, ҷомеашиносӣ ва идоракунии давлатӣ;
-маоши мансаби- 1276,00 сомонӣ (тибқи ҷадвали ягонаи тарифӣ).
Воҳидҳои сохтори мақомоти иҷроияи
ҳокимияти давлатии ноҳия
- Мудири шуъбаи коммуналӣ ва манзилии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе:
Талаботи тахассусӣ барои довталабон:
– таҳсилоти олии касбии муҳандисӣ, ҳуқуқшиносӣ ва иқтисодчӣ;
– 4 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 5 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
-маоши мансаби- 2560,25 сомонӣ (тибқи ҷадвали ягонаи тарифӣ).
- Сармутахассиси шуъбаи сохтмон ва меъмории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе:
Талаботи тахассусӣ барои довталабон:
– таҳсилоти олии касбии заминсозӣ, меъморӣ ва сохтмон.
– 2 сол собиқаи хизматӣ давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
– маоши мансабӣ 1902,40 сомонӣ (тибқи ҷадвали ягонаи тарифӣ).
- Мутахассиси пешбари шуъбаи маорифи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе:
Талаботи тахассусӣ барои довталабон:
– таҳсилоти олии касбӣ ихтисоси гуманитарӣ, психологӣ ва педагогӣ;
-маоши мансабӣ 1554,40 сомонӣ (тибқи ҷадвали ягонаи тарифӣ).
- Мутахассиси пешбари шуъбаи коммуналӣ ва манзилии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе:
Талаботи тахассусӣ барои довталабон:
-таҳсилоти олии касбии муҳандисӣ, ҳуқуқшиносӣ ва иқтисодчӣ;
-маоши мансабӣ 1554,40 сомонӣ (тибқи ҷадвали ягонаи тарифӣ).
Довталабон метавонанд бо маълумоти иловагӣ ва дигар талаботи тахассусии мансабҳои мазкур дар сомонаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе (www. Sino.tj) шинос шаванд.
Аз довталабон ҳуҷҷатҳои зерин талаб карда мешавад:
- аризаи шахсӣ ба унвони Раиси ноҳияи Синои шаҳри Душанбе;
- варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо (бо 2 дона расми андозаи 3х4);
- тарҷумаи ҳол;
- нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот;
- нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ (ба ғайр аз ҳолатҳое, ки шахс собиқаи меҳнатӣ надорад);
- маълумотнома дар бораи вазъи саломатӣ (шакли 038УЕ);
- нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда;
- эъломия дар бораи даромадҳо ва вазъи молу мулкии худ;
- нусхаи шиноснома;
- нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо намудаанд);
- маълумотнома (резюме) дар шакли хаттӣ ва электронӣ;
- маълумотнома оиди надоштани доғи судӣ (иловатан).
Ҳуҷҷатҳо аз ҷониби шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дастгоҳи Раиси ноҳияи Синои шаҳри Душанбе тибқи тартиби муқарраргардида дар муҳлати 21 рӯз баъди чопи аввалини эълон дар шакли хаттӣ қабул карда мешаванд.
Суроға: ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, хиёбони Исмоили Сомонӣ – 62, индекс: 734026, телефон: 250 30 30, 250 30 25, сомонаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе www. Sino.tj
ШУЪБАИ ТАШКИЛӢ ВА КОР БО
КАДРҲОИ ДАСТГОҲИ РАИСИ
НОҲИЯИ СИНОИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ