АЁДАТИ ИШТИРОКЧИЁНИ ҶАНГИ БУЗУРГИ ВАТАНӢ ВА РАСОНДАНИ КУМАКПУЛИҲО ВОБАСТА БА ТАҶЛИЛИ 80-СОЛАГИИ РӮЗИ ҒАЛАБА
Дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе айни замон 2 нафар иштирокчии ҷанг зиндагӣ менамоянд. Дар заминаи ташрифи бевосита Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа – Раҳмонзода Абдулло, муовини Раиси шаҳри Душанбе – Абдураҳмонзода Абдураҳмон ва Раиси ноҳияи Сино – Гуреззода Умед туҳфаҳои пулии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва Раиси ноҳияро расониданд.
Гуфта мешавад, ки анҷоми чунин амалҳои хайр қадрдонии хизмати онҳо дар муҳофизати Ватан-Модар мебошад. Бо мақсади арҷгузорӣ ба хизматҳои фарзандони баруманди миллат дар роҳи ҳифзи Ватан дар давраи Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 нақшаи чорабиниҳо таҳия гардида, дар амал татбиқ мегарданд
Ин аст, ки дар ҳошияи ин тадбирҳо намояндагони мақомотхои болозикр дар солгарди навбатии таҷлили 80-солагии ғалаба дар ҶБВ ба аёдати иштирокчиёни ин ҷабҳаи нангу номус рафтанд. Инчунин ба ҳар як иштирокчӣ кӯмакҳои пулӣ аз номи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, аз номи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва аз номи роҳбарияти ноҳияи Синои шаҳри Душанбе тақдим карда шуд.
Тӯҳфаҳои пулӣ ба Заргаров Мухтор ва Нағзибеков Бозор Шодмонович тақдим гардид. Зимнан таъкид шуд, ки хизматҳои ин фарзонафарзандони миллат ҳеҷ гоҳ фаромуш намешавад ва кору пайкори онҳо барои насли наврас барои ҳамешагӣ мактаби ҷасорату мардонагӣ боқӣ мемонад. Иштирокчиёни ҶБВ ҳам дар навати худ ба Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҷиҳати дастгириву ғамхориҳо ва таваҷҷуҳи хосаву пайваста миннатдорӣ баён намуданд.