ВОҚЕЪБИН БОЯД БУД, НА ФИТНААНГЕЗ!
Бахши дин, танзими анъана ва ҷашну маросими мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии н. Синои ш. Душанбе гузориши Радиои “Озодӣ” зери унвони “Хонаводаи як донишманди тоҷикро, ки аз бемории COVID-19 фавтид, ҷарима кардаанд”-ро мавриди баррасӣ қарор дода, иттилоъ медиҳад, ки гузориши мазкур то ҷое якҷониба таҳия гардида, муаллифи он аз интишори маълумоти мукаммали намояндаи бахши дин, ки дар ихтиёри расонаи мазкур гузошта шуда буд, худдорӣ кардааст.
Пеш аз ҳама, гузоштани чунин унвон ба гузориши мазкур аз рӯи меъёрҳои ахлоқӣ нест. Зеро ҳама қишрҳои ҷомеа, чи донишманду чи бедониш дар назди қонун баробаранд ва муқаррароти қонун аз сӯи ҳама бояд яксон амалӣ гардид.
Роҷеъ ба ҳолати мазкур бошад, бояд қайд намуд, ки тибқи талаботи Қонун ҳамаи маросими азодорӣ бидуни забҳи чорво ва додани таом баргузор карда мешавад. Аммо мушоҳидаи мутахассисони соҳа собит намуд, ки шаҳрванд Гадоева Тоҷигул Бураковна бар хилофи моддаи 11 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” амал намуда, дар хонаи истиқоматиаш, воқеъ дар кӯчаи Зарафшон М5, бинои 9, ҳуҷраи 13 санаи 14-уми июни соли 2020 маросими “чил”-и шавҳарашро бо омода намудани таом (дар ҳаҷми беш аз 10 кг биринҷ) барои меҳмонон ва ҳамсоягон баргузор намудааст.
Дар гузориши Радиои “Озодӣ” аз забони шаҳрванд Гадоева Т.Б. оварда шудааст, ки гӯё номбурда барои додани таом аз мақомоти маҳаллӣ иҷозат гирифтааст ва ҳатто мақомоти маҳаллӣ “нагуфта буданд, ки ин кор хилофи қонун аст”. Аммо воқеият ин аст, ки шаҳрванд аслан ба мақоми ваколатдор муроҷиат накардааст.
Аз ин рӯ, вобаста ба ҳолати мазкур аз ҷониби бахши дин, танзими анъана ва ҷашну маросими мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии н. Синои ш. Душанбе парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ дар асоси талаботи моддаи 481 қисми 1 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиб дода шуда, ба мақомоти судӣ ирсол гардид. Аз расонаҳои хабарӣ эҳтиромона дархост менамоем, ки дар вақти таҳияи хабару гузоришҳо мавқеи мақомоти расмиро ба эътибор гирифта, маълумоти пешниҳодшударо пурра дарҷ намоянд, то аз ҳар гуна сӯитафоҳум пешгирӣ карда шавад.