МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ СИНОИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

Даври ноҳиявии озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”

Published by bro on

Бо мақсади иҷрои амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 5 феврали соли 2020, №АП-1339 бо риояи қоидаҳои беҳдоштӣ ва фосилаи иҷтимоӣ 4-5 сентябри соли 2020 дар толори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №101 ноҳия даври ноҳиявии озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» миёни тарбиятгирандагон ва хонандагони муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумӣ, донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ, калонсолон ва намояндагони касбу кори гуногун баргузор гардид.

Мақсади баргузори озмуни мазкур – баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти нерӯи зеҳнӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими мероси худогоҳию худшиносӣ, тақвияти ҷаҳони маънавӣ миёни аҳолии кишвар мебошад.

Озмун аз рӯйи панҷ номинатсия адабиёти классикӣ, муосир, бачагона, адабиёти ҷаҳон ва шоирӣ гузаронида шуд.

Мавриди зикр аст, ки дар ибтидо миёни ташкилоту муассисаҳои ҳудуди ноҳия зиёда аз 400 нафар иштирок намуданд, ки дар натиҷа 212 нафар ба даври ноҳиявӣ роҳхат гирифтанд. Дар натиҷа аз шумораи умумии иштирокчиён аз ҷониби ҳайати ҳакамон дар маҷмӯъ 41 нафар сазовори ҷойњои якум, дуюм ва сеюм гардида, ба даври шаҳрӣ роҳхат гирифтанд.

Ғолибони озмун аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе бо диплому туҳфаҳо қадрдонӣ карда шуданд.