МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ СИНОИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Published by bro on

«Забон моли халқ, мероси миллат ва сармояи маънавии давлати соҳибистиқлол аст»

                                                                             Эмомалӣ Раҳмон

Бо мақсади таҷлили Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи нақшаи чорабиниҳои мақомот аз ҷониби масъулини ноҳия дар ташкилоту муассисаҳо маҳфилҳои адабӣ вобаста ба забони давлатӣ бо иштироки олимону коршиносон гузаронида шуд.

Дар ин замина,  санаи 2 октябри соли 2020 бо ҳайати хизматчиёни ҳарбии Қисми ҳарбии 05057 таҳти унвони «Забон ҳастии миллат» бо иштироки намояндагони мақомот ва сардори шуъбаи танзими истилоҳоти Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  баргузор гардид.

Дар ҷамъбасти вохури ба хизматчиёни ҳарби маводҳо вобаста ба забони давлатӣ тақсим карда шуд.