Озмуни ноҳиявии “Хонандаи сол – 2020”
Бо мақсади иҷрои қарори Раиси ноҳияи Синои шаҳри Душанбе аз 16 октябри соли 2020, №265 «Дар бораи ташкил ва баргузории озмуни «Хонандаи сол-2020» баҳри дарёфт ва дастгирии хонандагони фаъолу эҷодкор, ташаббускору навовари дорои қобилияти фавқулода ва донандагони навигариҳои илму техникаи муосир рўзҳои 19-20 октябри соли 2020 дар толори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №96-и ноҳияи Синои шањри Душанбе озмуни ноҳиявии «Хонандаи сол-2020» баргузор гардид.
Дар озмун 27 нафар хонандагон аз муассисаҳои таълимии №№19, 25, 32, 33, 38, 50, 54, 56, 59, 64, 66, 67, 73, 86, 87, 88, 90, 91, 92, 93, 94, 95, 96, 97, 98, 101 ва Гимназияи иқтисодии ноҳия иштирок карданд.
Тибқи талаботи Низомномаи озмуни мазкур хонандагон аз рўи фанҳои барномаи таълимӣ корҳои хаттӣ ва амалҳои тестиро иҷро намуданд. Инчунин бахши намоиши корҳои эҷодии хонандагон, муаррифӣ ва бахши ҳозирҷавобӣ аз тарафи ҳайати ҳакамон баҳогузорӣ карда шуд.
Рафти озмун нишон дод, ки хонандагон барои иштирок дар озмуни мазкур омодагии хуб дидаанд. Иштирокчиён бештар аз фанҳои дақиқ ва забонҳои хориҷӣ холҳои баланд ба даст оварданд.
Озмун ба таври шаффоф ва кушод баргузор гардида, кори хонандагон дар ҳузури худи онҳо санљида шуда, баҳогузорї карда шуд. Натиљаи холҳои ба дастовардаи хонандагон аз ҷониби масъулини озмун худи њамон рўз эълон карда шуд.
Аз рӯи ҷамъбасти холҳои ҳайати ҳакамон Юсупов Камол Ҷалолович – хонандаи синфи 11 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №87 ба номи Шодӣ Ҳанифи ноҳия бо афзалият нисбати дигарон соҳиби 214 хол гардида, ғолиби ҷойи аввали даври ноҳиявии озмуни «Хонандаи сол-2020» дониста шуд ва ба даври шаҳрии озмуни мазкур роҳхат гирифт.
Ҳамаи иштирокчиёни озмун бо ифтихорномаи шуъбаи маорифи ноҳия сарфароз гардонида шуданд.
Дар акс: Юсупов Камол Ҷалолович, ғолиби озмун.