Даври шаҳрии озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”
Аз 21 то 23 октябри соли 2020 дар толори Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе даври шаҳрии озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид, ки дар он ғолибони даври ноҳиявии озмун аз чор ноҳияҳои шаҳри Душанбе аз рӯи номинатсияҳо баромад намуданд.
Тибқи низомнома дар озмун тарбиятгирандагон ва хонандагони муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумӣ, донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ, калонсолон ва намояндагони касбу кори гуногун фаъолона иштирок намуданд.
Ҳадафи асосии баргузории озмуни мазкур – арҷгузорӣ ба таъриху фарҳанги ниёгон ва арзишҳои миллию фарҳангӣ, инчунин баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти нерӯи зеҳнӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими мероси худогоҳию худшиносӣ, тақвияти ҷаҳони маънавӣ миёни аҳолии кишвар мебошад.
Таҷлилҳо нишон доданд, ки рағбати китобхонӣ миёни наврасону ҷавонон ва калонсолон сол аз сол зиёд шуда истодааст. Дар озмун дар қатори иштирокчиёни нав, инчунин ғолибони озмунҳои соли гузашта низ фаъолона иштирок намуданд. Маълум гашт, ки иштирокчиён, ғолибони озмуни соли гузашта, ки аз номинатсияи муайян ғолибият ба даст оварда буданд, имсол аз рӯи номинатсияи дигар баромад намуданд ва ин аз ҳавасманд будани иштирокчиёни озмун шаҳодат медиҳад.