Чорабиниҳои фарҳангию варзишӣ бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон – 24 ноябр дар доираи нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе дар ҳудуди ноњия аз ҷониби масъулини ноҳия дар якҷоягӣ бо сохторҳои ноҳиявӣ корҳои амалӣ ба роҳ монда шуданд.
Аз ҷумла, бо мақсади дар сатҳи баланд ташкилӣ ва маънавӣ баргузор намудани Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди ноҳия корҳои ободонӣ васеъ ба роҳ монда шуда, бо истифода аз намунаи матни шиору овезаҳои тасдиқгардида дар кӯчаю хиёбонҳо овезаҳо насб карда шуданд.
Дар ин замина, дар кӯчаю хиёбонҳо, саҳни ҳавлӣ, биноҳо, синфхонаҳо, ҷойҳои баргузории чорабиниҳои фарҳангии муассисаҳои таълимӣ ва тандурустӣ бо шиору овезаҳо мувофиқ ба мазмуну моҳияти Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузошта, инчунин парчамҳо насб карда шуданд.
Дар доираи нақшаи чорабиниҳо аз ҷониби масъулини мақомот, бахши ҷавонон ва варзиши ноҳия дар якҷоягӣ бо масъулини Муассисаи давлатии «Нигоҳдошти боғу гулгашт, майдончаҳои варзишӣ ва бозии кӯдакон»-и ноҳия миёни наврасону ҷавонон мусобиқаҳои футболи хурду дӯстона ва давидан дар майдончаҳои варзишӣ, шашкӣ ва шоҳмот, волейбол, баскетбол дар толори Мактаби варзишии №5 ташкил ва баргузор карда шуданд.
Рӯзҳои 21-24 ноябри соли ҷорӣ дар муассисаҳои таълимии ҳудуди ноҳия бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷамъомадҳои пагоҳирӯзӣ ва нисфирӯзӣ хонандагон баромад ва шеърхонӣ намуданд.
Ҳамзамон, дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №№25, 33, 37, 38, 43, 50, 54, 56, 59, 60, 67, 80, 86, 87, 90, 91, 92 ва 93 миёни хонандгон озмунҳо иншои беҳтарин ва расми беҳтарин дар мавзӯи «Парчамат бодо парафшон, Тоҷикистон», «Парчами Тоҷикистон ифтихори Ватани мост» ва «Дирафши Ковиён» баргузор гардид, ки дар он хонандагон фаъолона иштирок намуда, ғолибон бо ифтихорномаҳои муассисаҳои таълимӣ сарфароз гардонида шуданд. Аз ҷумла дар муассисаи таълимии №89 хонандагон дар озмунҳои ташкил намудаи боло зикр иштирок намуда, хонадаи синфи 10 Марҳабои Рустам созовори ҷойи намоён гардид.
Дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №№86, 92 ва 93 чорабиниҳои фарҳангию варзишии маҳфили «Ҳозирҷавобон», «Футбол», «Шоҳмот» ва «Шашка» гузаронида шуд, ки маҳфили «Ҳозирҷавобон»-и хонандагони синфҳои 6-уми муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №92 тавассути шабакаи телевизионии «Баҳористон» ба навор гирифта, намоиш дода шуд.
Мавриди зикр аст, ки дар муассисаҳои таълимӣ ва Марказҳои саломатии шаҳрии ноҳия бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки чеҳраҳои шинохтаи ҷумҳурӣ, омӯзгорну хонандагон ва кормандони соҳаи тиб чорабиниҳои фарҳангӣ-фароғатӣ, конфиренсияҳои илми-адабӣ бо риояи фосилаи иҷтимоӣ доир карда шуданд.
Дар толори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №54 ноҳия бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки муовини якум, муовинон, мудирони шуъбаю бахшҳои дастгоҳи Раиси ноҳия ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, инчунин сохторҳои ноҳиявӣ ва роҳбарони муассисаҳои таълимию томактабӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид.