ИФТИТОҲИ ИНШООТҲОИ ҶАШНӢ БАХШИДА БА 30 – СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР НОҲИЯ
ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, 16.04.2021. Дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе бо ширкати намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, ба истифода додани корхонаи истеҳсоли маҳсулотҳои пластикӣ барои рузғор аз тарафи ҶДММ «Тадибел» мавриди истифода қарор дода шуд. Дар корхона анвои гуногуни маҳсулоти истеҳсолии ин коргоҳи ватанӣ, ки аз қубурҳои пластикӣ ва қисмҳои алоҳида барои насби он омода мегардад, ба маъраз гузошта мешавад. Тавре намояндагони ҶДММ «Тадибел» иттилоъ доданд, айни замон дар коргоҳи истеҳсолии корхона қубурҳои пластикии қутрашон 15, 20, 32, 40 ва 50 милиметра истеҳсол мегардад. Дастгоҳу таҷҳизоти истеҳсолии коргоҳ аз Ҷумҳурии Мардумии Чин ворид гардида, имкон доранд, дар як шабонарӯз то 1500 адад қубури ҳаҷму андозааш гуногунро истеҳсол намояд. Ашёи хом барои истеҳсоли қубурҳои пластикӣ асосан аз хориҷи кишвар ворид мегардад.Корхона аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Саидамир Махсумов бунёд гардидааст ва ҳоло дар он маҷмуан 25 нафар сокинон соҳиби ҷойи кор бо маоши муносиб ҳастанд. Қубурҳои омодамешуда дар ҶДММ «Тадибел» ба гуфтаи истеҳсолкунандагонаш барои оби гарму хунук пешбинӣ шудааст. Корхона дар ҳошияи тадбирҳои вобаста ба саноатикунонии мамлакат бунёд гардида, маҳсулоти истеҳсолии он ивазкунандаи воридот мебошад.Ҳамакнун дар намоишгоҳи навбунёди ҶДММ «Тадибел», ки шароити зарурӣ фароҳам оварда шудааст, намунаи маҳсулоти корхона пешкаши муштариён мешавад. Тавре роҳбарияти корхона изҳор дошт, бо мақсади ба муштариён пешниҳод намудани дигар намуд маҳсулоти сохтмонию ороишӣ, дар мувофиқа бо намояндагиҳои ширкатҳои пешсафи дохилу хориҷ, намунаҳо ворид гардида, ба намоиш гузошта шудаанд, ки муштариён бо боздид аз он метавонанд маҳсулоти писанди худро фармоиш бидиҳанд. Муаррифии молу маҳсулоти истеҳсолӣ бо истифода аз ин қабил намоишгоҳҳо аз таҷрибаи маъруф буда, муштариён метавонанд дар интихоби маҳсулоти зарурӣ вақту нерӯйи хешро сарфа намоянд. Масъулини ҶДММ «Тадибел» азм доранд, ки оянда дар намоишгоҳ маҳсулоти дигар корхонаҳои истеҳсолиро ҳам ҷойгир кунанд. Инчунин корхонаи истеҳсолии маҳсулоти қаннодӣ ва ғайриспиртӣ дар кӯчаи Чортеппа аз тарафи ҶДММ “Гулшан 2010” мавриди истифода қарор дода шуд. Дар корхонаи мазкур ду навъи маҳсулот “ширқиём” ва “ширқиём бо тамъи карамел” истеҳсол карда мешавад. Корхонаи мазкур дар як моҳ то 10 тонна ширқиём ва 5 тонна ширқиём бо тамъи карамел истеҳсол менамояд. Ҷамъият нақша дорад, ки дар оянда ҳаҷми истеҳсоли маҳсулотро дучанд зиёд намояд.