МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ СИНОИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

ИДОМАИ КОРҲОИ СОЗАНДАГИВУ БУНЁДКОРӢ БАХШИДА БА ҶАШНИ 30 – СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Published by bro on

н. Сино, ш. Душанбе. 26.04.2021. Бо ташаббуси Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон авҷи воқеии бунёдкорӣ бо маром идома дошта, шаҳру деҳоти мамлакат ба ҷабҳаи бузурги созандагӣ табдил ёфтаанд. Дар ин замина шаҳри Душанбе ҳамчун симои мамлакат бо ташаббусҳои созандаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба шаҳри озодаву зебо ва пешрафта табдил ёфтааст.Бунёди бинои истиқоматӣ дар кӯчаи Нусратулло Махсуми ноҳияи Сино яке аз бандҳои нақша-чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Бинои мазкур аз ҷониби соҳибкор Салима Шерова бунёд гардида, имрӯз бо иштироки намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Синои пойтахт мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Тавре аз ҷониби соҳибкорон итилоъ дода шуд, бино аз ду даромадгоҳ ва 58 ҳуҷра иборат мебошад ва бо сифати баланд аз ҷониби сохтмончиёни маҳаллӣ бунёд шудааст. Ҳамин аст, ки аз сифати корҳои анҷомшуда ва ободиву созандагиҳои шаҳр истиқоматкунандагони ин бинои навбунёд низ қаноатманданд. Корҳои сохтмонии иншооти мавриди назар аз ҷониби ҶСП “Синотоҷикстар” анҷом дода шудааст. Ин бинои истиқоматӣ мувофиқ ба нишондоди лоиҳа сохта шудааст ва дар баробари онки 58 оилаи пойтахт соҳиби хонаҳои хуштарҳу замонавӣ гардидаанд, ҳамзамон қомат афрохтани иншоот барои боз ҳам зебо гардидани ин гӯшаи пойтахт мусоидат намудааст. Тавре иттилоъ дода шуд, дар баробари сохтмони бинои мазкур ҳамзамон аз ҷониби соҳибкор таъмири биноҳои атроф ҳам амалӣ шудааст.Дар идома бинои дигари истиқоматӣ низ бо иштироки намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Сино мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд, ки он мувофиқ ба нишондоди нақшачорабиниҳои 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе сохта шудааст. Намуди зоҳирии бино низ ҷавобгу ба талаботи замони муосир буда, шомгоҳон бо истифода аз лампаҳои светадиодӣ чароғон мешавад. Соҳибкорони ватанӣ бо сохтани чунин биноҳо пайи вусъат бахшидани корҳои созандагиву ободонӣ кӯшиш намуда, дар баробари дигар шахсони ободкор ва бунёдгар баҳри сарсабзиву хуррамии пойтахти мамлакат шаҳри Душанбе саҳми босазо гузоштаанд.Қобили зикр аст, ки дар ҳошияи тадбирҳои созандагӣ дар шаҳри Душанбе, дар суроғаҳои Зарафшон 222/1, 222/2 ва 222/3 низ 3 бинои истиқоматӣ бунёд шудааст. Барои таъмини сокинон бо манзили зист сохтмони чунин иншоот дар шаҳраку маҳаллаҳо замина фароҳам намудаанд. Бинои баландошёнаи истиқоматӣ бо ҷойгиронии маркази савдо дар ошёнаи якум ва таваққуфгоҳи зеризаминӣ дар таҳхонаи он, воқеъ дар шахраки 84 н. Сино ҳам яке аз иншооти нақшавӣ ба муносибати омодагӣ ва таҷлили сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пойтахт мебошад. Бинои мазкур дар муҳлати пешбинишуда аз ҷониби ҶДММ «Тибби Суҳайб», соҳибкор Абдураҳмон Баҳриддинов бунёд шудааст. Иншооти мавриди назар дар 3-юм гузаргоҳи кӯчаи Бобоҷон Ғафуров 3/1 сохта шуда, он аз 13 ошёна ва 125 ҳуҷра иборат мебошад. Тамоми ҳуҷраҳои бинои истиқоматӣ ба пуррагӣ таъмир гардида, сокинон бо истифода аз шароити муносиби зист дар он истиқомат намуда истодаанд.