ИДОМАИ КОРҲОИ СОЗАНДАГИВУ БУНЁДКОРӢ БАХШИДА БА ҶАШНИ 30 – СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
н. Сино, ш. Душанбе. 29.04.2021 Имрӯзҳо дар асоси нақшачорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, алалхусус бо дастуру супоришҳои бевоситаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ҳудуди пойтахт тадбирҳои ободкориву созандагӣ бо авҷу суръати тоза ҷараён доранд. Дар ин замина аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ дар шаҳраку маҳаллаҳои пойтахт бунёди як қатор иншооти таъинти гуногун амалӣ шуда истодааст, ки дар ин миён биноҳои истиқоматӣ ва марказҳои хизматрасонӣ низ зиёданд. Дар ин замина имрӯз бо иштироки намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе дар кӯчаи Бобоҷон Ғафурови ноҳияи Сино бинои истиқоматии баландошёна ба истифода дода шуд. Бинои истиқоматии 9 ошёна бо ҷойгир намудани маркази савдо дар ошёнаи аввал ва таваққуфгоҳи зеризаминӣ дар таҳхонаи он аз ҷониби ҶДММ “Зарҳам”, инчунин бинои истиқоматии 9 ошёна бо ҷойгир намудани сехи дузандагӣ дар ошёнаи аввал ва таҳхонаи он аз ҷониби ҶДММ “Суҳайб 2011” бунёд шудааст. Дар шаҳраки 92-и ноҳияи Сино ҳам аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ Сангинова З. ва Розиқов У. бинои бисёрошёна бунёд шудааст. Ин бинои истиқоматӣ бо ҷойгиронии марказҳои савдою хизматрасонӣ дар ошёнаи якум ва таваққуфгоҳ дар таҳхона сохта шуда, ҳоло дар он шароити зарурӣ барои истиқомати сокинон фароҳам оварда шудааст. Яке аз бандҳои нақшачорабиниҳои ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ин бунёди 3 бинои истиқоматии бисёрошёна бо ҷойгир намудани таваққуфгоҳи зеризаминӣ дар кӯчаи Борбад 92 ва бинои истиқоматии 5 ошёнаи бисёрквартирадор дар шаҳраки 32 кӯчаи Ҷ. Расулов 57/3 мебошад. Биноҳои истиқоматӣ аз ҷониби ҶДММ “Меҳтар” бо риояи талаботи меъмории муосир ва хусусияти зиннатбахшиашон ба ин гӯшаи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе сохта шудаанд.