МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ СИНОИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

ДАВЛАТ ВА СЕКУЛОРИЗМУ ДУНЯВИЯТ

Published by bro on

Аз замоне ки башарият таҷрибаи дар ҷомеаҳо ва баъдан дар ҳудуди давлатҳо зистанро пайдо кард, ҷустуҷӯ ва дарёфти роҳу усули нигаҳдошти иқоъ ё гармония миёни шахсиятҳо ва давлат бо дарназардошти тарзи андешаву ҷаҳонфаҳмиву эътиқоди мардум ва шаклҳои давлатдорӣ мунтазам меафзояд. Агар ба қавли файласуфи бузурги олмонӣ Иммануил Кант, “вазифаи давлат расонидани мардум ба саодати маънавӣ” бошад, пас роҳҳои дарёфти ин саодатро андешамандону мутафаккирон аз даврони антиқа то замони мо меҷӯянд ва садҳо таълимоту ғояҳо ва консепсияҳои мухталиф рӯйи кор омадаанд.

Ҳар гоҳ ки аз беҳтарин тарзи давлатдорӣ дар замони муосир сухан ба миён ояд, ҳатман ангушти ишорат ба кишварҳои аз лиҳози санъатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ пешрафтаи Аврупову Амрико мебаранд, аммо чун жарфтар ба сохтори ин мамолик ва тарзи зисти мардум дар онҳо бингарем, даҳҳо масоилеро дармеёбем, ки то кунун ҳалношудаанд, бахусус аз нигоҳи дифоъи ҳуқуқи омма ва афроди алоҳида.

Яке аз беҳтарин таълимот ё ғояи кишвардорӣ, ки аз авохири сади XIX ба ин сӯ дар ҳоли татбиқ ва истифода қарор дорад, ҳамоно андешаи мутафаккирон ва ҳуқуқдонҳои олмонист, ки идеяи давлати иҷтимоӣ ё некуаҳволии умумро пешниҳод кардаанд ва аксар кишварҳои имрӯза неруманди аврупоӣ маҳз ҳамин тарзи мамлакатдориро ҷорӣ намудаанд.

Гарчи аз нигоҳи умумӣ дин ҳамчун ҷузъи таркибии фарҳанги ҳар миллат ба устувор намудани пояҳои ахлоқиву маънавии ҷомеаҳо мусоидат кунад ҳам, дар ҳоли нуфуз пайдо кардани таассубу хурофот ва ифрот дар батни он ва сиёсӣ сохтани тарҳҳои эътиқодӣ барои ҷаҳони муосир хатари азиме ба вуҷуд оварданаш мумкин аст.

Таърих шоҳиди садҳо ҳаводиси фоҷиабор бар асари нуфуз пайдо кардани омили динӣ дар сохтори давлатдориҳост. Аз таърихи асримиёнагии чи Шарқу чи Ғарб даҳҳо мисол овардан мумкин аст, ки чӣ гуна дахолати беҳадду ҳудуди калисо ба кори давлатҳо дар Ғарб ва ҳамчун идеологияи асосӣ интихоб шудани яке аз мазоҳиби исломӣ дар мамолики Шарқ боиси ҷангҳои тӯлонӣ ва мухолифатҳои шадид натанҳо дар марзи кишварҳои алоҳида, балки миёни онҳо низ шудааст.

Барои пайдо кардани як навъ консенсус миёни манфиатҳо ва тақозоҳои эътиқодии мардум аз як тараф ва аз сӯйи дигар – таъмини осудагиву рифоҳ ва рушди муназзами кишварҳо ғоя ё таълимоти секулоризм (секуляризм) ё дунявият кайҳост, ки дар кишварҳои гуногуни дунё таҷриба мешавад. 

Дар фаҳми одӣ, секулоризм чунин консепсияе аст, ки тибқи он бояд ҳокимияти сиёсӣ ва ҳама гуна сарчашмаҳои ҳуқуқӣ аз ҳама анвои дин ҷудо бошанд. Аз як ҷониб, секулоризм озодӣ аз қонунҳои динӣ ва таълимоти он, адами маҷбурият ба диндорӣ аз тарафи давлат ва ҷомеа мебошад, яъне дар масъалаи дин давлату ҷомеа бояд мавқеи бетарафиро ишғол кунанд.

Аз сӯйи дигар, секулоризм маънои ба фаъолияти сиёсӣ машғул шудани одамонро бидуни дахолати динӣ дорад. Аммо ҳаргиз секулоризмро набояд бо атеизм омехта кард. Ин мафҳум бори нахуст ҳангоми бастани сулҳи Вестфал, ки дар натиҷаи он моликияти калисо мусодира шуда буд, ба вуҷуд омадааст. 

Дар асрҳои миёна ҷараёни секулоризм аз он оғоз шуд, ки замин ва дигар сарвати аҳли калисо ба фоидаи ҳокимияти расмӣ анҷом шуда, ваколатҳои калисо, аз ҷумла маҳкамаҳои он барҳам дода шуданд. Назорат аз болои таҳсилот низ ба зиммаи давлат гузашт, таҳсили улуми таҷорубӣ ва махсусан илмҳое, ки ба кашфи асрори табиат иштиғол меварзиданд, инчунин фалсафаи моддигароӣ (материализм) ба роҳ монда шуд. Дар масъалаи зан ва ҳуқуқу манофеи ӯ тафаккури куллан нав пайдо шуд, тамоми анвои адабиёти бадеӣ муқобили таассубу ифроти динӣ, хурофот ва догматизм равона шуд, фалсафа аз тобеияти илоҳиёт баромад. Оғози ин табаддулоти инқилобиро даврони Ренессанс (Интибоҳ) ё Эҳё (асрҳои XIV-XVI) гузошт, ки заминаи иқтисодии он густариш ёфтани муносибатҳои сармоядорӣ дар Италия буд.

 Моҳияти фарҳангу маданияти Эҳёро муборизаи мафкуравӣ бо ҳама зуҳуроти низоми феодалӣ дар дин, фалсафа, илм, адабиёту ҳунар ташкил медод. Ходимони фарҳанги Эҳё намояндагони зиёиёни замони нав буда, бо схоластика, аскетизм, таассубу хурофот ва берун кардани адабиёт аз итоати дин мубориза мекарданд. Онҳо кӯшиш мекарданд, ки маданияти наверо ба вуҷуд оранд, ки ба принсипи инкишофи озодонаи шахсияти инсонӣ, озодшавии ӯ аз таассуби калисо ва дин асос меёфт.

Адибони ин давра ба тараннуми зебоиҳои заминӣ мепардохтанд, ба падидаву зуҳуроти муҳит назари интиқодӣ доштанд, олами ботинии инсонро кашф кардан мехостанд. Аз ин рӯ, онҳоро адибони гуманист, яъне инсонпарвар меномиданд.

Омӯзиши анъанаҳои адабии даврони антиқа, ки озодандешӣ моҳияти онро ташкил медод, муроҷиат ба эҷодиёти шифоҳии мардумӣ ва аз онҳо истиқбол кардани арзишҳое, аз қабили адолату баробарӣ ва озодӣ, бозсозии мактабу маориф, низоми нави тарбия, ҳамоҳангии тарбияи ҷисмӣ ва ақлӣ, тарбияи эстетикӣ, пайдоиши мактабҳои нави гуманистӣ (таълиму тадрис аз рӯи шавқу рағбат), ислоҳоти мактаби олӣ ва дар навбати аввал дар онҳо ба роҳ мондани тадриси ҳуқуқ, тиб, улуми таҷрибавӣ, адабиёт ва фарҳанг ҷиҳатҳои хоссаи ин давраи таърихи башарият буд.

Бузургтарин удабо ва ходимони илму адаби ин давра Данте Алигери, Франческо Петрарка, Маттео Боярдо, Полисиано, Торквато Тассо, Ҷованни Боккаччо, Николо Макиавелли, Людовико Ариосто аз Италия, Франсуа Рабле, Пйер Ронсар, Монтен аз Фаронса, Ҷефри Чосер, Томас Мор, Фрэнсис Бэкон, Вилям Шекспир аз Англия, Мартин Лютер, Сервантес, Лопе де Вега аз Испанияву Германия ҷиҳати тасдиқи шарофату каромати башарият, озодии инсон аз маҳбаси тираву тори бардагӣ таълифоти бунёдии илмиву ҳунарӣ анҷом додаанд.

Баъдан дар қарни XVIII ҷараёни илмиву адабии наве бо номи Маърифат ё Маорифпарварӣ оғоз шуд, ки дар меҳвари ин раванд низ ба вуҷуд овардани ҷаҳонбинии нав дар муқобили таассубу ифроти динӣ буд. Маорифпарварон шуурро омили ҳалкунандаи тараққиёти ҷамъият, бемаърифатии одамонро сабаби аслии иллатҳои иҷтимоӣ медонистанд.

Асоси низоми маорифпарвариро парастиши хирад ва инсони табиӣ ташкил медод. Онҳо чунин ақида доштанд, ки инсон табиатан накукору пок аст, аммо дар ҷомеа шароити номусоиди зиндагӣ ӯро вайрон мекунад, аз ин рӯ, бояд ин шароитро тағйир дод. Ғояҳои сиёсӣ, фарҳангӣ ва ҷамъиятии рушд, сохтори одилонаи иҷтимоӣ, рушди донишҳои илмӣ, таҳаммулпазирии динӣ ва таҷдиди назар кардани системаи пешинаи донишҳои инсонӣ ва тарбияи инсони нав асоси консепсияи онҳоро ташкил мекард.

Асрҳои XIX-XX даҳҳо таълимоти нав пайдо шуданд, ки ба густариши раванди тағйир додани олам, махсусан дар масъалаи муносибати ҷомеа ба дин, суръат бахшидани ҷараёни секулоризм дар ҳама манотиқи дунё мусоидат намуданд.

Агар тамоми адвори рушди башариятро шартан ба ду қисм ҷудо кунем, моҳияти онро метавон хеле одӣ шарҳ дод. Агар марҳилаи то замони моро давраи классикӣ биномем, пас моҳияти маърифати олами моддиро чунин метавон ифода кард: ҳақиқат комил аст, аммо инсон комил нест, пас одам бояд барои маърифати ҳақиқат кӯшо бошад, то ки садҳои рушду такомулашро бартараф намояд.

Агар аз садаи XX ба ин тарафро давраи мудерн биномем, пас башарият ба ин даъвӣ расида, ки ҳақиқат комил нест ва инсон боястӣ барои расидан ба камолот бикӯшад. 

Ин ду тезис ё маъно мафҳуми секулоризмро бештар ошкор мекунанд. Агар дар Ғарб рӯҳияи озодихоҳӣ ва раҳоӣ аз ҳамагуна монеаҳои фикрӣ ва иҷтимоӣ хеле пеш, аз асри XIV шурӯъ шуда бошад, пас, дар Шарқ оғози ин марҳила бо ному таълифоти Аҳмад Махдуми Дониш дар нимаи дувуми садаи XIX алоқадор аст.

Ислоҳоти фарогири Аҳмади Дониш дар «Рисола дар назми тамаддун ва таовун», афкори гуманистӣ ва зиддиифротиаш дар «Наводир-ул-вақоеъ» ҳамаҷониба баён шудаанд. Хулосаи ҷомеъи Аҳмади Дониш ин аст, ки мурод аз зиндагии инсон обод доштани ҷаҳон аст ва ин ба ҳикмати тамаддун, яъне сиёсати давлатдорӣ ва таовун – муносибати шахсӣ ва иҷтимоии инсон вобаста мебошад.

Ба фикри банда, зербинои мустаҳками раванди секулориро дар Осиёи Миёна Абдуррауфи Фитрат бо асарҳои мондагораш, бавижа “Раҳбари наҷот” ва “Оила ё худ вазоифи хонадорӣ” гузоштааст. Сарчашмаи тамоми нуқсу иллатҳои ҷомеаро Фитрат дар ду чиз – ҳирс ва ғализ будани мафкура мебинад.

Масалан, ӯ дар боби “Вазоифи навъия”-и китоби “Раҳбари наҷот” менависад: “Одамиён аз ҳазорҳо сол то ба ин тараф гоҳо бо тақозои эҳтиросоти ҳайвония ва гоҳо ба шумии ғалати муҳокимот робитаи умумияро бурида, бинои ухуввати башарияро вайрон намудаанд, дарё-дарё хуни бародарони худро дар хок мерезанд, ҷаҳон-ҷаҳон хонаи ҳамҷинсони худро вайрон менамоянд.

Ва ҳанӯз ҳам чунончи бояд, пушаймон нагардидаанд, балки ҳар рӯз аз барои тахриби хонумони якдигар асбоби тозае ихтироъ намуда, башариятро ба сӯи як таҳлукаи сахте мекашонанд. Сабаби ин ду чиз аст: ҳирс ва ғалати муҳокимот…”.

Дар ин иқтибоси каме тӯлонӣ таваҷҷуҳи моро ибораи “ғалати муҳокимот” бештар ба худ мекашад. Агар ҳадаф муҳокимоти масъалаҳои ҷузъии зиндагӣ, иҷтимоиву фарҳангиву ҳунарӣ ва ғайра бошад, зиёне нест, чун гуфтаанд, ки илм асосан бидуни баҳс пойдор нест. Аммо дар масоили динӣ, хосатан фиқҳӣ ба муҳокима кашидани афкори ғалат бори гарони надомату афсӯсро ба дӯши ҷомеа меандозад, ба равиши муътадили рушди ҳаёти кишвар монеаҳои фикрӣ эҷод менамояд. Яқинан Фитрат ҳамин масъалаи дуюмро бо унвони “ғалати муҳокимот” мухтасар гуфтааст.

Рисолаи «Оила ё худ вазоифи хонадорӣ»-и ӯ самараи ҷустуҷӯҳои бисёр амиқи Фитрат аст, ки дар он сабаби аслии ҳама фатароти ифроту таассубу хурофти ҷомеаро дар чигунаии зиндагии оилаҳо мебинад ва омили руши мамолики Ғарбро дар қуввати интизоми хонаводаҳояшон медонад. Дар ин асар чандин масоили марбут ба ифроту хурофот ҳамчун  манбаи қафомондагӣ, аз ҷумла адами иттилоот аз вазъи оилаҳо, тааддуди завҷот, табъизи занон ва чандин андешаҳои дигар шарҳ меёбанд.

Шеъри «Эй хиттаи Бухор»-яш авҷи навмедиҳои адиб аз вазъи нобасомони Бухорост:

Эй модари азизи ман, эй хиттаи Бухор,

Эй бо ту ифтихораму в-эй бо ту эътибор…

Эй он ки аз ту буд қароре замонаро,

Баҳри чиат замона чунин кард беқарор?

Пайдост, ки шоир ишора ба шукӯҳу шаҳомати замони Сомониён ва ба сатҳи олӣ расидани таассубу хурофоту ақибмондагии фарҳангӣ дар даврони амирони манғития ё ба қавли Аҳмад Махдуми Дониш, «амирони каллахари манғит» кардааст.

Сарҳалқаи адибоне, ки аз парешонии рӯзгори иҷтимоӣ ва нодурустиҳои сохтори аморат бонги изтироб аввалтар аз дигарон зад, бешак, Аҳмади Дониш аст ва оне, ки бо тамоми неруи қалам зидди таассубу хурофот мубориза кардааст, Садриддин Айнӣ мебошад.

Ҳама эҷодиёти устод Айнӣ аз осори барои мактабиён  таълифкарда то бузургтарин асараш – “Ёддоштҳо” манзараҳои васеъи тафсири бадеии хӯю сиришти хурофаю зарурати бознигарӣ ба сарнавишти инсонро доранд. Ҳатто дар “Таҳзиб-ус-сибён” ва “Духтарбача ё ки Холида” ном асарҳои барои кӯдакон навиштааш устод Айнӣ ҳамвора табиати касифи таассубу хурофотро ошкор мекунад. Неруи баланди таъсири бадеии насри устод маҳз аз воқеиву ҳаққонӣ будани тасвирҳояш сарчашма мегирад.

“Марги судхӯр”-и устод Айнӣ низ, бе муболиға, шоҳкори адабиёти ҷаҳон аст. Ин асар айбномаест ошкоро бар зидди беадолатӣ нисбат ба инсон ва шармовар будани он сохтори иҷтимоъ ва усули давлатдорӣ. Ҳамин ҷиҳат аст, ки зиндаёд Муҳаммадҷон Шакурӣ ин асарро чунин баҳо додаанд: «Қувваи бадеии ҷамъбастҳои таърихии Айнӣ ҳамчунон аст, ки ин асар ба дараҷаи ҳуҷҷати аслии замон, ба дараҷаи чунин ҳуҷҷате расидааст, ки дар ҳаққи олами зулму истибдод ҳукми қатъии одилонаеро дар бар мегирад».

Бармегардем ба масъалаи он ки то чӣ ҳад давлат метавонад бар асари хуруҷи таассубу хурофот раванди секулорӣ ё дунявиятро такон бидиҳад. Бо овардани ду мисол ба масъала рӯшанӣ меандозем.

Яке аз таърихи қадим ва дигаре аз гузаштаи начандон дур. Ҳамин тавр, соли 184-уми то милод дар Рим Катон ном сиёсатмадор баробари сензор интихоб шуданаш муборизаро барои пешгирии вуруди афкору одатҳои барои ҷамоаи Рим хавфнок эълон намуд. Ҳамон ақидаву одат ва расму ойинҳое иҷозат дода мешуданд, ки барои муттаҳидиву ҳамбастагии ҷомеаи Рим мусоидат мекарданд.

Мисоли дигар. Солҳои сиюми асри гузашта Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ баъди сафаре, ки ба Афғонистон, хусусан шаҳрҳои Кобулу Ғазна ва Қандаҳор дошт, маснавие навишт бо унвони «Мусофир». Шоҳи Афғонистон Муҳаммад Нодиршоҳ ва фарзанди ӯ – Зоҳиршоҳро ҳушдор дод, ки рӯ ба маорифпарварӣ, рӯ ба илму мактаб биёранд, вагарна ин кишварро дер ё зуд оқибатҳои номатлубе интизор аст.

Ҳадафи ин ду ишораи таърихӣ ҳамон аст, ки ифроту терроризм ва тундгароиҳо, албатта худ аз худ ба вуҷуд намеоянд ва бе собиқаи таърихӣ нестанд.

Одатан, мутафаккирони ғарбӣ нуқтаи сарҳисоби тамоми мушкили ақибмондагии фарҳангии моро дар тарзи тафаккури аграрӣ дар қиёс бо тафаккури индустриалии ғарбӣ маънидод мекунанд, ки ба андешаи мо, дуруст аст. Бо вуҷуди он ки дар мо низ кайҳост, ки иқдомоте барои ташаккули ҷомеаи шаҳрвандии индустриалӣ амалӣ мешавад, аммо иллат ин аст, ки менталитет, роҳу равиши афкору рӯҳия, майли шадид ба суннатгароӣ (традитсионализм) монеаи тафаккури ҷадид мегарданд. Акнун вазифаи илм ва дигар ниҳодҳои ҷомеа ин аст, ки бархе омилҳои манфии суннатгароиро, ки монеаи пешрафти тафаккури нав мешаванд, пайваста аз зеҳни мардум ихроҷ кунанд.

Суоли дигаре, ки посухи ҷиддӣ мехоҳад, ин аст, ки оё метавон тавассути дахолати давлат тариқи асноди меъёрӣ ба як идда омилҳои манфии хурофотӣ ва суннатгароии кӯркӯронаи ҷомеа зарба зад? Посух мусбат аст ва мисоли инро аз таърих низ метавон дарёфт кард.

Ҳанӯз дар замони Арастуву Софокл ва дигар донишмандони Юнони бостон назария ё ғояе ҳукмрон буд, ки тибқи он ҳама гуна қонунҳои танзимкунандаи зиндагии ҷомеа бояд бунёди ахлоқиву маънавӣ дошта бошанд ва анъанаҳои миллӣ бо роҳу равиши давлатдорӣ дар таносуби муайян қарор бигиранд.

Баъзе ҷомеашиносон секулоризмро ҳамчун гузариш аз танзими динии ниҳодҳои давлатию иҷтимоӣ ба асосноккунии ақлгароёна ё ратсионалии фаъолияти онҳо эътироф мекунанд. Дар баъзе кишварҳо амалан чунин раванд идома меёбад ва баръакси секулоризатсия натиҷаҳо медиҳад. Масалан, афзоиши протестантизмро дар Куриёи Ҷанубӣ ва Амрикои Лотинӣ ва бунёдгароии масеҳиро дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико мисол овардан мумкин аст.

Бояд дар ин асно иқрор кард, ки бисёр ҷиҳатҳои секулоризме, ки дар аксар кишварҳои олам ҷараён дорад, бо таъсири ҷаҳонишавӣ ба фазои диндории кишвари мо низ хоҳу нохоҳ таъсир мерасонанд.       

Дар таърихи Тоҷикистони навин масоили дунявият ва секулоризм бори нахуст баъди имзои Созишномаи истиқрори сулҳ  рӯи саҳнаи муҳокима омад.

Ҷавоби аниқ гирифтан ба ин суолҳо хеле муҳим буд, чунки тақдири ояндаи Тоҷикистон ҳамчун давлати муосири миллӣ ба ҳамин ҷавобҳо бастагӣ дошт. Баррасии ин масоил тӯли ду сол идома ёфт, оқибат ҳалли мусбат пайдо кард.

Марҳалаи муҳими дигар бо қабули Қонуни ҶТ «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ» алоқаманд аст, ки раванди секулоризмро дар мавриди муосиргардонӣ ва ё модернизатсияи аҳкоми динӣ ифода мекунад. Татбиқи бомаром ва муътадили ин санади муҳими ҳуқуқиву сиёсӣ ба шуури динии мардум таъсири ҷиддӣ расонд. Ба ин маънӣ, ки фазои динӣ ва мафкуравии мардум аз бозмондаҳо ва хурофоти дерина тоза шуд.

Дар асоси таҳлили назарияву дастуроти илмиву амалии улуми инсоншиносии ҷаҳонӣ, то ҷое барои мо дастрас гардид, метавон хулоса кард, ки секулоризми миллӣ дар шароити Тоҷикистони муосир характери оҳистарав ва безарар барои ҳам пешрафти дунявияти давлати миллии тоҷикон ва ҳам барои рушди мафкураи динии мардум дорад.

Ҳафиз Раҳмон, ададиётшинос

“Адабиёт ва санъат”, №5, 05.08.2021