ИФТИТОҲИ КОРХОНАИ ИСТЕҲСОЛИ ҚУБУРҲОИ ШИШАПЛАСТИКИИ “КОМПОЗИТ Т.А.” ДАР НОҲИЯИ СИНОИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ
28 август дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Композит Т.А.”-ро ифтитоҳ намуданд.Бунёди корхона дар партави сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати ноил гардидан ба ҳадафҳои олии стратегии мамлакат – саноатикунонии босуръати кишвар ба роҳ монда шудааст.Ёдовар мешавем, ки 17 сентябри соли 2019 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар маҳаллаи Чортеппаи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе бо гузоштани санги асос ба бунёди корхонаи истеҳсоли қубурҳои шишапластикии “Композит Т.А.” оғози расмӣ бахшида буданд.Дар корхона зиёда аз 150 нафар бо ҷойи кории доимӣ таъмин шуда, дар як сол то 150 километр қубурҳои қутрашон гуногуни аз 300 то 3000 миллиметр истеҳсол мекунанд.Истеҳсоли қубурҳои шишапластикӣ бори аввал дар кишвар ба роҳ монда мешавад. Маҳсулоти корхона ивазкунандаи воридот буда, баробари таъмини кишвар содироти он ба хориҷи мамлакат низ ба роҳ монда мешавад.Боиси тазаккур аст, ки Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Композит Т.А.” корхонаи муштарак буда, дар ҳамкорӣ бо яке аз ширкатҳои бонуфузи озарбойҷонӣ – “Азкомпозит” таъсис дода шудааст.Корхона тасмим гирифтааст, ки дар муҳлатҳои наздиктарин мутахассисони маҳаллиро тайёр кунанд, ки минбаъд маҳсулоти корхонаро бо сифати баланд ва ҷавобгӯ ба стандартҳои байналмилалӣ истеҳсол намоянд.Таҳлилҳо нишон доданд ки истифодаи қубурҳои шишапластикӣ ҳангоми истеҳсоли он дар дохили кишвар аз лиҳози иқтисодӣ манфиатовар мебошад. Қубурҳои мазкур новобаста аз дарозӣ ва ҳаҷм хеле сабук буда, аз лиҳози насбнамоӣ ва истифодабарӣ хеле содда ва осон аст. Инчунин, қубурҳои шишапластикӣ ба фишори баланд тобовар буда, оташбардор мебошад.Барои истеҳсоли қубурҳо асосан маҳсулоти қуми кварсӣ, нахи шишагин ва қатрон истифода мегардад.Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон конҳои қуми кварсӣ хеле зиёд ба назар расида, истифодаи васеи ин намудаи ашёи хом аз дохили кишвар ба нақша гирифта шудааст. Дигар намуди ашёи хом то пайдо намудани манбаи дохилӣ аз хориҷи кишвар ворид карда мешавад.Пас аз ифтитоҳи иншоот Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар муаррифии автобусҳо иштирок намуданд.Автобусҳои дохилишаҳрии тамғаи «Акиа Ориё» истеҳсоли корхонаи муштараки «Акиа Авесто Автоматив Индастри»-и Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.Корхонаи муштараки “Акиа Авесто Автоматив Индастри” аз аввали соли 2020 дар асоси фармоиши Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе истеҳсоли автобуси дохилишаҳриро бори аввал ба таври силсилавӣ, бо номгузории тоҷикӣ – “Акиа Ориё” оғоз намуд.Ёдовар мешавем, ки Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Акиа Авесто Автоматив Индастри” ҳамчун ширкати муштараки Тоҷикистону Туркия моҳи январи соли 2018 фаъолиятро оғоз намуда, автобусҳои замонавии тамғаи “Акиа”-ро истеҳсол мекунад ва дар самти саноатикунонии босуръати кишвар саҳм мегузорад.Дар айни замон аз ҷониби корхонаи муштарак ба таври силсилавӣ автобусҳо бо дарозии 8 ва 12 метр истеҳсол гардида, банду баст ва тарҳрезии автобусҳои дуошёна, автобуси таъиноти байнишаҳрӣ, автобуси бо гази табиӣ ҳаракаткунанда, электробус ва электро-троллейбус идома дорад.Ҳамчунин корхонаи муштарак як адад электро-троллейбуси худрави озмоишии навро истеҳсол намуд, ки он муҷаҳҳаз бо техника ва технологияҳои нав, ҷавобгӯ ба стандартҳои байналмилалӣ ва дорои иқтидорӣ ҳаракати автономӣ ба масофаи то 40 километр роҳ бе пайвастшави ба хатти нерӯи барқ аз ҳисоби нерӯи барқи ҷамъкардааш дорад.Дар баробари ба стандартҳои ҷаҳонӣ ҷавобгӯй будани воситаи нақлиёт симои зоҳирӣ ва дохили он ба таври замонавӣ бо мақсади рафтуои бароҳати мусофирон тарҳрезӣ карда шудааст.Корхона инчунин электробуси замонавии озмоишии навро бо тарҳи замонавӣ истеҳсол намуд, ки муҳаррики он пурра бо нерӯи барқ фаъолият карда, то масофаи 200 километр роҳ бо нерӯи барқ ҳаракат менамояд, ки аз лиҳози экологӣ яке аз безарартарин нақлиёт дар олам ба ҳисоб меравад.Илова бар ин, бо назардошти ба инобат гирифтани содироти молу маҳсулоти ватанӣ ба кишварҳои эҳтиёҷдор ба автобуси муҳаррикаш бо гази табиӣ ҳаракаткунанда дар заминаи имкониятҳои корхонаи муштарак тарҳрезӣ гашта, истеҳсол намудааст.Дар баробари вазифаҳои тарҳрезигардида дар Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Душанбе барои давраи то соли 2025 амалигардонии ҳадафҳо дар самти ҳифзи муҳити зист ва фароҳам овардани шароити хуб барои ҳамлу нақли мусофирон бо харидори намудани автобусҳои наву муосир, электробусҳои замонавии ба талаботи имрӯза ҷавобгӯй марҳила ба марҳила мавриди татбиқ қарор дода шуда истодааст, ки дар ин самт низ корхонаи муштарак кору фаъолияти худро равона намудааст.Иқтидори истеҳсолии корхона дар як сол то 300 адад воситаи наклиётро ташкил дода, шумораи кормандон аз ҳисоби мутахассисони маҳаллӣ 150 нафарро ташкил медихад.Маҳз баланд бардоштани савияву малакаи мутахассисони маҳаллӣ барои сари вақт истехсол ва банду басти автобусҳо бо максади супоридани онхо ба корхонаҳои коммуналии шаҳри Душанбе имконпазир гардонид ва айни замон муддати 3 сол аст, ки шумораи автобусҳои таҳвилёфта ва дар кишвар истеҳсолгардида дар хатсайрҳои пойтахт ба хизматрасонии ҳамлу нақли сокинон ва меҳмонони пойтахт равона гардидааст.Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз шиносоии пурра бо шароити муосири хизматрасониву мусофиркашонӣ тавассути воситаҳои нақлиёти нав бо истифодаи имконоту иқтидорҳои мавҷуда дар ин самт ва роҳандозии содироти автобусҳои истеҳсолшаванда дар Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Акиа Авесто Автоматив Индастри” ба масъулон дастуру ҳидоятҳои мушаххас доданд.