МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ СИНОИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

СУХАНРОНИИ САРВАЗИРИ ҶУМҲУРИИ ИСЛОМИИ ПОКИСТОН ИМРОН ХОН ДАР НИШАСТИ МАТБУОТӢ ПАС АЗ МУЗОКИРОТ БО ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Published by bro on

Ҷаноби Президент Эмомалӣ Раҳмон,

Пеш аз ҳама, ман мехоҳам Шуморо барои бомуваффақият баргузор намудани саммити имрузаи Созмони ҳамкории Шанхай табрик намоям.

Баъдан, ман мехоҳам ба Шумо аз номи ҳайати худ барои меҳмоннавозӣ ва самимият, ки Шумо ҳангоми сафари мо нишон додед, ташаккур гӯям.

Мо доираи васеи мавзӯъҳоро, ки марбут ба масоили тиҷорат байни ду кишвар, иттисол, роҳи кутоҳтарин аз Тоҷикистон то Уқёнуси Ҳинд, яъне то баҳр тариқи Покистон мебошанд, мавриди баррасӣ қарор додем.

Бинобар ин, мо дар мавриди он баҳс кардем, ки чи гуна метавонем аз тиҷорат манфиати мутақобила, чи дар соҳаи нассоҷӣ, доруворӣ ва ё сайёҳӣ дошта бошем.

Аммо имрӯз муҳимтарин мавзӯе, ки ду кишвари моро аз ҳама бештар нигарон мекунад, ин масоили Афғонистон мебошад. Чуноне, ки ҷаноби Президент комилан дуруст қайд карданд, ки сулҳ дар Афғонистон на танҳо барои Тоҷикистону Покистон ниҳоят муҳим мебошад, инчунин махсусан барои мардуми азияткашидаи Афғонистон, ки дар давоми чил сол кишвари ҷангзада аст ва он боиси ранҷу азоби зиёд барои мардуми он кишвар шудааст.

Ҳамин тавр, мо масъалаеро баррасӣ кардем, ки бо дарназардошти вазъи кунунӣ, чӣ гуна метавонем кӯшиш ба харҷ диҳем, то ки сулҳу субот дар оянда барқарор шавад. Ва низое, ки моро ва Шуморо ба ташвиш меорад, ман медонам, моро дар Покистон нигарон мекунад, ин низоъ дар Панҷшер байни Тоҷикон ва Толибон аст.

Ва мо имрӯз тасмим гирифтем, ки тамоми кӯшиши худро ба харҷ хоҳем дод, ҷаноби Президент таъсири худро нисбати тоҷикон ва мо дар навбати хеш тамоми кӯшиши худро нисбати паштунҳо ва Толибон ба харҷ хоҳем дод. Мо тамоми кӯшиши худро ба харҷ хоҳем дод, то ихтилофот тариқи муколама ҳалуфасл гардад.

Мо онҳоро водор хоҳем кард, ки ҳукумати фарогирро ташкил кунанд, ки барои Афғонистон гуногунмиллат муҳим аст.

Дар Афғонистон 45 дарсадро паштунҳо ва аққалияти бузургеро тоҷикон ташкил медиҳанд. Ӯзбекҳо, ҳазораҳо низ дар ин кишвар ҳастанд. Ҳамин тариқ, сулҳи пойдор дар Афғонистон танҳо дар сурати мавҷуд будани ҳукумати фарогир имконпазир мегардад.

Аз ин рӯ, мо тамоми кӯшиши худро ба харҷ хоҳем дод, мо даъват хоҳем кард, ки медонем, ки наметавонем ба ягон кишвар амр диҳем, аммо мо тамоми кӯшишро ба харҷ медиҳем, мо аз онҳо ҳамчун дӯстони Афғонистон даъват мекунем, ки онҳо бояд ин масъаларо ҳал кунанд, хусусан масъалаеро, ки ҳоло дар миёни тоҷикону толибон дар водии Панҷшер ҷой дорад.

Инчунин мо онҳоро дар заминаи башардӯстона даъват хоҳем кард, ки бояд муҳосираро хотима бахшанд, то кӯмаки башардӯстона вориди минтақа гардад. Мо метавонем дар ин лаҳза, ҷаноби Президент, чуноне, ки имрӯз ману Шумо ба таври васеъ баррасӣ кардем, ин як лаҳзаи тақдирсоз дар таърихи Афғонистон мебошад.

Ин метавонад ду роҳ дошта бошад, яке ба сӯи сулҳи пойдор, ки дар тӯли чил соли охир таъмин нест, ё ин ки мутаассифона он метавонад ба масири даҳшатборе биравад – ба муноқишаи бештар, бӯҳрони башардӯстона, гурезаҳои бештар, Афғонистони ноустувор, ки аз ҷониби террористон истифода гардад, ҳадди аққал се гурӯҳи мухталифи террористӣ хоки Афғонистонро барои ҳамлаҳои террористӣ дар Покистон истифода бурдаанд.

Ҳамин тариқ, воқеан ҳама ҷомеаи ҷаҳонӣ манфиатдоранд, ки дар Афғонистон сулҳу субот бошад.

Ҳамин тавр, сулҳ, тавре ки мо имрӯз розӣ шудем, танҳо дар сурате ҳосил мешавад, ки ҳукумати фарогир ташкил гардад. Ҳама назарҳои гуногун, фраксияҳо, гурӯҳҳои қавмӣ, ҳамаи онҳо ба ҳукумате шомил шаванд, ки ба сулҳи пойдор оварда расонад.

Бори дигар ман аз номи ҳайати худ ба Шумо, ҷаноби Президент, барои меҳмоннавозии гарму самимӣ, ки ҳамаро ба ваҷд овард, изҳори сипос менамоям. Мо рушду пешравиеро дидем, ки татбиқ карда шудааст, биноҳо ва кабудизорҳоро дидам.

Ин нишон медиҳад, ки Шумо ҳақиқатан иштиёқ барои рушди кишваратон доред ва ин воқеан ба ҳайати ман таассурот бахшид. Ман мехоҳам, ки Шуморо барои ин дастоварҳо табрик намоям.

Ташаккур!

https://mfa.tj/…/sukhanronii-sarvaziri-jumhurii-islomii…