МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ СИНОИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

Иҷлосияи 7-уми Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, даъвати шашум

Published by bro on

Санаи 30 сенябри соли 2021 дар толори маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи  ҳокимияти давлатии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, даъвати шашум баргузор гардид.

Дар иҷлосия Раиси Комиссияи ноҳиявии интихобот оид ба интихоботи вакилон ба Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Одиловак Зайнаб Темуровна “Дар бораи натиҷаи интихоботи вакилон ба Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе аз ҳавзаҳои интихоботии №23 ва №34”гузориш дод.

Бинобар сабаби қатъ гардидани ваколатҳои ду вакил пеш аз муҳлат санаи 19 сентябри соли 2021 интихобот баргузор гардид. Дар ҳавзаи интихоботии №23 Амиршоев Зоиршоҳ бо тарафдории 63%  ва Мирзозода Муҳаммад Шералӣ бо тарафдории 52,6%  вакилон ба  Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе интихоб гардиданд.

Баъдан ҳисоботи муовини Раиси ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Исматов И.Қ  дар бораи иҷрои нақша-чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе дар самти ҷамъоварии андоз ва барномаи рушди маъмурикунонии андоз барои солҳои 2020-2025 ва камбудиҳои ҷойдошта шунида шуд. Муовини Раиси ноҳия  ба сардори Нозироти андози ноҳияи Синои шаҳри Душанбе оид ба сари вақт ҷамъоварии андоз ва иҷрои барномаи маъмурикунонии андоз барои солҳои 2020-2025 супориш додонд.

Ҳисоботи муовини Раиси ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Шарофуддинзода М.Д дар бораи ҳолати нигоҳдорӣ,истифодабарии роҳҳо ва амалисозии фаъолияти роҳдорӣ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе шунида шуд. Дар баромади худ кайд карданд,ки роҳҳое,аз ноҳияи Рудакӣ ба ноҳияи Синои шаҳри Дунбе гузаштаан, ба таъмири ҷорӣ  эҳтиёҷ  доранд.

Муовини якуми Раиси ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ба сардори Муассисаи давлатии истифодабарии роҳҳои ноҳия Зиёзода А  оид ба ҳолати нигоҳдорӣ, истифодабарии роҳҳо дастур дода шуд, ки  барои соли оянда ба нақша гирифта, корҳои амалиро роҳандози намояд.

Дар ҷамъбасти иҷлосия 8 адад қарорҳои Раиси ноҳияи Синои шаҳри Душанбе аз тарафи вакилони халқи ноҳия тасдиқ гардиданд.