• info@sino.tj
  • +992(37)2350560
  • шаҳри Душанбе, к. Маяковский, 1/13
МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ СИНОИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

15 июли соли 2021 дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе иҷлосияи шашуми Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, даъвати шашум баргузор гардид. Дар иҷлосияи мазкур вакилон, муовини якум, муовинони Раиси ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, роҳбари Дастгоҳи Раиси ноҳия, мудирони шуъбаю бахшҳои мақомот ва масъулини сохторҳои ноҳиявӣ иштирок доштанд.

Дар иҷлосия ҳисоботи муовини Раиси ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Шарофуддинзода М.Д. «Дар бораи рафти иҷрои нақша-чорабиниҳо оид ба иншоотҳои бунёдшаванда бахшида ба таҷлили ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе» шунида шуд.

Баъдан, Файзуллозода З. “Дар бораи ҳисоботи раиси Комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе оид ба назорати риояи Дастури Маҷлиси вакилони халқ вобаста ба фаъолияти кори вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе” ҳисоботи худро пешниҳод намуд.

Дар рафти иҷлосияи мазкур дар бораи пеш аз муҳлат қатъ намудани ваколати вакилии Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, аз ҳавзаҳои интихоботии №23 ва №34; дар бораи таъин намудани интихобот дар ҳавзаҳои интихоботии №23 ва №34 ва дар бораи таъсис додани Комиссияи ноҳиявии интихобот оид ба интихоботи Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Дар раванди иҷлосия муовини Раиси ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Қодирзод Р.Р. «Дар бораи ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе дар нимсолаи аввали соли 2021 ва вазифаҳо барои нимсолаи дуюм” ҳисобот дод.

Дар анҷоми иҷлосия аз тарафи вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе 16 адад қарорҳои Раиси ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, ки дар давраи ҳисоботӣ қабул гардида буданд, тасдиқ карда шуданд.