МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ СИНОИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

МАҶЛИСИ ТАНТАНАВӢ БАХШИДА БА РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ТАҲТИ УНВОНИ “ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ – ҲАСТИИ МИЛЛАТИ ТОҶИКОН”

Бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе дар доираи нақшаи чорабиниҳои тасдиқгардида бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори “Арғувон”-и Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода маҷлиси тантанавӣ таҳти унвони “ Парчами давлатӣ – ҳастии миллати тоҷикон ” баргузор гардид.Дар чорабинии Read more…

“Пайравони Пешвои миллат”

16.11.2023 н.Сино Иштироки кормандон, гирандагони стипендияи Президенти, волонтёрон ва аъзоёни Ташкилоти ҷамъиятии “Пайравони Пешвои миллат” – и мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия Синои шаҳри Душанбе дар роҳпаймоӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

ПАЁМИ ТАБРИКОТИИ РАИСИ НОҲИЯИ СИНОИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ МУҲТАРАМ САИДЗОДА ТОҶИДДИН НИЁЗ БАХШИДА БА РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ВА ИҶЛОСИЯИ 16 ШӮРОИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Сокинони арҷманд, Ҳамаи Шуморо, ки дар асл бақои давлату миллат ва созандаи фардои Ватани маҳбубу соҳибистиқлол ва халқи азизамон ҳастед, ба муносибати Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳамасола 16-уми ноябр ҳамчун Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рӯзҳои ид” таҷлил карда мешавад, муборакбод менамоям. Дар Read more…

МАҶЛИСИ ТАНТАНАВӢ ТАҲТИ УНВОНИ “ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ЭҲЁГАРИ ДАВЛАТИ НАВИНИ ТОҶИК”

Бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе дар доираи нақшаи чорабиниҳои тасдиқгардида бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз дар толори Литсейи Умари Хайём маҷлиси тантанавӣ таҳти унвони “Эмомалӣ Раҳмон эҳёгари давлати навини тоҷик” ташкил ва баргузор карда шуд. Боиси қайд аст, ки маҷлиси тантанавии имрӯза аз Read more…

РОҲИ МАҲАЛЛАИ ЧОРТУТИ НОҲИЯИ СИНО МУМФАРШ ГАРДИД

Дар доираи вусъати корҳои ободонӣ ба ифтихори сазовор таҷлил намудани ҷашни 35 солагии истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Сино дар маҳаллаи Чортут беш аз як ҳазору 500 метр роҳи автомобилгарди дорои аҳамияти маҳаллӣ асфалтпӯш карда шуд. Роҳи автомобилгарди дорои аҳамияти маҳаллӣ дар гузаргоҳи поён Read more…

МИЗИ МУДАВВАР БАХШИДА БА РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ ДАР ДОНИШКАДАИ ТИББӢ – ИҶТИМОИ ТОҶИКИСТОН!

Дар толори Донишкадаи тиббӣ-иҷтимои Тоҷикистон  бахшида ба рӯзи Президент ва Иҷлосияи 16 – уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки устодону донишҷӯён ва олимону донишмандон мизи мудаввар таҳти унвони “Рӯзи  ифтихои миллӣ ва нишасти тақдирсоз”  доир гардид. Дар раванди чорабинӣ муовини Раиси ноҳияи Сино Сафарализода Ситора Сафаралӣ зикр намуд, ки Read more…

КӮМАКИ МОЛИЯВИИ ЯКВАҚТАИНА БА ОИЛАҲОИ БЕСАРОБОНМОНДАИ КОРМАНДОНИ МИЛИТСИЯ

Аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе дар Рӯзи милитсияи тоҷик ба оилаҳои бесаробонмондаи кормандони милитсия, ки ҳангоми адои вазифа ҳалок гардиданд, кӯмаки молиявии яквақтаина расонида шуд.

Табирикоти Раиси ноҳияи Синои шаҳри Душанбе муҳтарам Саидзода Т.Н. бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик

Бо камоли эҳтироми хоса Шумо ва кулли кормандону собиқадорони соҳаи ҳифзи тартиботи ҷамъиятиро ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик самимона табрику муборакбод намуда, бароятон саломативу саодатмандиро таманно дорам. Аз рӯзҳои аввали таъсисёбии худ кормандони ҳифзи ҳуқуқ дар сафи пеши мубориза баҳри таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон истода, фаъолияти Read more…

ПАЁМИ ШОДБОШИИ РАИСИ НОҲИЯИ СИНОИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ МУҲТАРАМ САИДЗОДА ТОҶИДДИН НИЁЗ БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Конститутсия қонуни асосии давлат буда, сохти ҷомеа ва шакли давлатдориро муайян мекунад. Бинобар ин, қабули Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол дар таърихи навини кишвар рӯйдоди воқеан сарнавиштсоз, муайянкунандаи роҳу равиш ва рушди устувори Ватани азизамон гардид. Воқеъан имрӯз Конститутсия мояи ифтихор ва сарфарозии ҳар як шаҳрванди ватандӯст мебошад. Аз фурсати муносиб ҳамаи Read more…

ОҒОЗИ ДАВРИ ДУЮМИ (НОҲИЯВӢ) ОЛИМПИАДАҲОИ ФАННИИ ХОНАНДАГОНИ МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМИИ НОҲИЯИ СИНО

Дар баробари беҳтар гардидани сифати дониши хонандагон ва иштироки онҳо дар озмуну мусобиқаҳои зеҳнӣ бештар мегардад. Дар ин замина дар асоси фармоиши мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Сино аз 27.10.2023, №137/13А аз санаи 4 то 9 ноябри соли 2023 аз ҷониби Муассисаи давлатии “Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои ноҳияи Сино” дар Read more…