МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ СИНОИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

Баргузории намоиш – фурӯши молу маҳсулотҳои кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ, таъомҳои миллӣ ва барномаҳои фарҳангию адабии шаҳри Леваканд дар боғи фарҳангию фароғатии “Кули ҷавонон”

Published by bro on

Дар доираи нақшаи чорабиниҳои тасдиқгардида дар боғҳои фарҳангиву фароғатии пойтахт баргузории намоиш-фурӯши молу маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ, таъомҳои миллӣ ва барномаҳои фарҳангию адабии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бо маром идома доранд. Аз ҷумла чунин иқдом дар Боғи фарҳангиву фароғатии “Кӯли ҷавонон” доир шуда, санаи 19 августи соли ҷорӣ дар он ҳунармандони шаҳри Леваканд маҳсули дастранҷи худро пешкаши сокинону меҳмонони пойтахт гардониданд. Дар чорабинии мазкур роҳбарияту намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомати иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, шаҳри Леваканд ва ноҳияи Синои шаҳри Душанбе иштирок намуда, аз намоишгоҳ дидан карданд.

Дар чорабинии мазкур аз ҷониби хоҷагиҳои деҳқонии шаҳри Леваканд ба сокинону меҳмонони пойтахт маҳсулоти кишоварзӣ, аз қабили картошка, пиёз, сабзӣ, карам, помидор, бодиринг, харбуза, тарбуз, биринҷ, гӯшти гов, меваи хушк, лӯбиёгиҳо ва дигар маҳсулоти озуқаворӣ бо нархҳои нисбат ба бозор арзонтар пешниҳод гардид.

Дар баробари ин ҳунармандони шаҳр низ дар фаъолона иштирок дошта, маҳсули дасти худро пешкаши ҳозирин гардониданд. Аз ҷумла, сокинони ин минтақа, махсусан занони ҳунарманди он дар гӯшаҳои алоҳида намунаи ҳунарҳои дастӣ, зардузӣ, гулдузӣ, атласу адрас, нону хӯрокҳои миллӣ ва ғайраро намоиш доданд.

Дар идомаи чорабинӣ дар боғи фарҳангӣ фароғатии “Кӯли Ҷавонон” барномаи фарҳангии ҳунармандони шаҳри Леваканд пешкаши сокинону меҳмонони шаҳри Душанбе гардонида шуд. Зимни баромади худ масъулин ҷиҳати дар сатҳи зарурӣ роҳандозӣ намудани тадбири мазкур ба роҳбарияти шаҳри Леваканд изҳори сипос намуда, иқдоми мазкурро барои таъмини бозори истеъмолӣ бо маҳсулоти тару тозаи кишоварзӣ муфид арзёбӣ карданд. Дар фарҷом баҳри болидагии меҳмонону сокинони пойтахт ҳунармандони шаҳри Леваканд бо барномаи мукаммали фарҳангии худ баромад намуданд.