МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ СИНОИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

Чорабинии фарҳангӣ бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллии Тоҷикистон дар дар боғи фарҳангӣ-фароғатии “Ҷавонон”

Published by bro on

Бо мақсади дар сатҳи баланди ғоявӣ таҷлил намудани Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ва дар рӯҳияи инсондӯстӣ, таҳаммулпазириву ҳамдилӣ дар асоси қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 30 майи соли 2023, №302 “Дар бораи таҷлили Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар шаҳри Душанбе” Нақшаи чорабинии фарҳангӣ ба тасвиб расонида шуд.
Дар доираи нақшаи чорабинӣ дар боғи фарҳангию фароғатии “Ҷавонон” бо иштироки муовини Раиси шаҳри Душанбе ва Раиси ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, инчунин муовинони Раиси ноҳия, роҳбарони сохторҳои ноҳиявӣ ва меҳмонон чорабинии фарҳангӣ ташкил карда шуд.
Дар чорабинии мазкур соҳаи саноат, савдо, ҳунарҳои мардумӣ ва маориф дастовардҳои худро барои сокинону меҳмонон ба намоиш гузоштанд.
Дар ифтитоҳи чорабинии фарҳангӣ муовини Раиси шаҳри Душанбе ҳозирин ва меҳмононро аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, хоса Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ самимона табрик намуда, рӯзгори хушу осуда ва ба кишвари ваҳдатофарамон Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон ва пойтахти он – шаҳри сулҳу дӯстӣ – Душанбеи азизу дилоро ваҳдати ҷовидон, сарзабзии ҳамешагӣ ва рушду тарақии беш аз пешро таманно намуданд.
Таъкид карда шуд, ки Рӯзи Ваҳдати миллӣ, яке аз ҷашнҳои муҳими даврони соҳибистиқлолии Ватани азизамон ба ҳисоб рафта, он ҳамчун рӯзи тантанаи адолат, маҳв гардидани оташи ҷаҳолат, таъмини сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати сартосарии мамлакати мо арзёбӣ мегардад. Маҳз ба ҳамин хотир, таҷлили бошукуҳ ва шоистаи он ба як навъ арҷгузорӣ нисбат ба арзишҳои волои ҷомеа табдил ёфта, барои мардуми шарифи Тоҷикистон қадру манзалати баланд дорад.
Маҳз фазои ваҳдатбор ва амнияти комили Тоҷикистон таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боис гардиданд, ки имрӯзҳо Ватани маҳбуби мо дар қатори кишварҳои амн ва барои зиндагии шоиста созгор эътироф гардида, ин пайк боиси обод гардидани ҳар гӯшаи кишвар, ба хусус пойтахти он шаҳри Душанбе гардидааст.
Баъд аз суханони табрикотӣ баҳри болидагрдонии ҳозирин ва меҳмонон бо иштироки ҳунармандони шинохтаи тоҷик барномаи консертӣ баргузор гардид.
Рӯзи Ваҳдати миллӣ муборак, ҳамдиёрони азиз!