МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ СИНОИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

«Дар меҳмонии сарбозони Қисми ҳарбии 08010»-и Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе.

Published by bro on

Дар доираи дастуру супоришҳои иҷрокунандаи вазифаи Раиси ноҳияи Синои шаҳри Душанбе муҳтарам Саидзода Т.Н. дар арафаи моҳи шарифи Рамазон бо ҷалби волидайн ва хонандагони муассисаҳои таълимии ҳудуди ноҳия 20 апрели соли 2023 дар Қисми ҳарбии 08010 Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аксияи боздид таҳти унвони «Дар меҳмонии сарбозон» ташкил карда шуд.

Ҳадафи аксияи мазкур шиносоии хонандагони муассисаҳои таълимӣ аз шароиту зисти сарбозон ва раванди хизмати сарбозон дар қисми ҳарбӣ, инчунин баланд бардоштани ҳисси ватандӯстию ватанпарстӣ мебошад.

,

,

Баъд аз шиносоӣ муовини Раиси ноҳия, сарпарасти соҳаи иҷтимоӣ сарбозонро бо фарорасии иди саиди Фитр самимона табрик намуда, ба онҳо пеш аз ҳама саломатии бардавом, нерумандиву тавонмандӣ, умри дароз ва содиқ будан ба Ватани маҳбубамонро орзу намуда, ба Тоҷикистони азизамон фазои сулҳу суботи ҳамешагиро таманно намуданд.

Дар фарҷоми чорабинӣ баҳри болидагии сарбозон чорабинии фарҳангӣ ташкил карда шуд.