Даври дуюми озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикон» – оинаи таърихи миллат» дар ноҳияи Сино.
Бо мақсади иҷрои амри Президенти Чумҳурии Тоҷикистон аз 7 июли соли 2022, №АП-227 рӯзҳои 16-17 июни соли 2023 дар толори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №90 даври дуюми озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикон» – оинаи таърихи миллат» баргузор гардид.
Ҷиҳати арҷгузорӣ ба таърихи пурифтихори миллати тоҷик, омӯзиши амиқу ҳамаҷонибаи корномаҳои шоистаи ниёгони халқамон дар тӯли таърих, тақвияти ҳисси худогоҳӣ ва худшиносии миллӣ, эҳёи ҳофизаи таърихӣ ва ба ҳамин роҳ шинохти беҳтари нақши миллати куҳанбунёду фарҳангсолори тоҷик дар рушди тамаддуни инсоният, ки бо далелҳои раднопазир ва бо такя ба сарчашмаҳои илмиву таърихӣ дар китоби мондагору пурарзиши академик Бобоҷон Ғафуров «Тоҷикон» ва дигар асарҳои таърихӣ инъикос ёфтааст, озмуни «Тоҷикон» – оинаи таърихи миллат», ки бахшида ба 115-солагии Қаҳрамони Тоҷикистон, муаллифи шоҳасари оламшумули таърихи халқу диёри мо – академик Бобоҷон Ғафуров аз ҷониби Пешвои миллат эълон гардид.
Роҳандозӣ гардидани озмуни мазкур имкон медиҳад, ки қишрҳои гуногуни ҷомеа ба ин асари ҷовидона рӯ меоранд, шоҳиди саҳнаҳои бемисли худсозии миллатамон мешаванд, бо қаҳрамонони халқамон, ки дар давраҳои гуногуни таърих барои озодиву ободии ин марзу бум ҷонбозиҳо кардаанд, суҳбатҳои самимӣ меороянд ва ба ин восита дар роҳи тақвияти ҳисси худогоҳӣ ва худшиносии миллӣ, ифтихори ватандорӣ, таҳкими ҳофизаи таърихӣ ва ба ин васила, шинохти нақши халқи куҳанбунёду фарҳангсолори тоҷик дар рушди тамаддуни инсоният, ки ҳадафҳои озмунанд, қадамҳои наву устувор гузошта мешавад.
Дар озмуни мазкур 279 нафар довталабон иштирок доштанд, ки аз ин шумора 168 нафарашон хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, 56 нафар донишҷӯён, 38 нафар омӯзгорон ва 17 нафар калонсолон мебошад.