ИДОМАИ КОРҲОИ ОБОДОНӢ ДАР ХИЁБОНИ САЪДИ ШЕРОЗӢ
Бо мақсади вусъат бахшидани корҳои ободонӣ аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе бо ҷалби кормандони Муассисаи давлатии истифодабарии роҳҳои ноҳия бо истифода аз техникаҳои калони боркаш ва эксковатор дар хиёбони Саъди Шерозӣ ҷиҳати тоза кардани канали хурд тадбирҳои зарурӣ андешида шуданд. Дар ин раванд гирду атроф ва роҳровҳо, инчунин шохаи дарахтон тоза карда шуданд.
Корҳои ободонӣ дар ҳудуди ноҳия пайваста роҳандозӣ гардида, бо маром идома дорад.