МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ СИНОИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

Конференсияи илмӣ-назариявӣ таҳти унвони “Ваҳдати миллӣ-кафили мондагории миллату давлат”

Published by bro on

Бахшида ба таҷлили Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар Мактаби муосири байналмилалии Душанбе бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Конференсияи илмӣ-назариявӣ дар мавзӯи «Ваҳдати миллӣ-кафили мондагории миллату давлат» баргузор гардид.

Дар кори конфронс вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, олимону коршиносон ва фаъолони ноҳия иштирок доштанд.

Дар ибтидо конфронс муовини Раиси ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Сафарализода С.С. изҳор доштанд, ки дар таърихи давлату миллатҳои ҷаҳон рӯйдоду санаҳои муҳиме ҳастанд, ки аҳамият ва мақому манзалати онҳо бо гузашти солҳо ҳамчун сарвати миллӣ баландтар мегарданд ва мардумро ба эҳтирому арҷгузорӣ ва ҳифзу густариши ин дастоварду бозёфти гаронбаҳо ҳидояту роҳнамоӣ месозанд.

Ваҳдату истиқлол аз вожаҳои муқаддас барои ҳар миллату халқияти озодаву хештаншинос ба шумор рафта, рамзи воқеӣ ва ҷавҳари ҳастии давлатдорист. Миллати сарбаланди тоҷик фалсафаи сулҳофарӣ ва ваҳдатқариниро аз оғози офариниши тамаддуни башарӣ ба мерос гирифта, то имрӯз дар фазои таҳаммулпазириву ҳамбастагӣ зистанро мароми давлатдории хеш қарор додааст. Зеро давлатсолорони таърихсоз пояи устувори давлат ва ташаккулёбии халқияту миллатҳои ҳудуди онро маҳз дар ваҳдатқаринӣ дидаанд.

Баъдан олимону коршиносони конфронс оид ба фидокорӣ, далерию шуҷоатӣ ва корнамоиҳои марди дурандеш Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ибтидои музокирот то ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ва ба ин васила рушду нумуъи кишвар дар ҳама самтҳо, инчунин таъмини ҳадафҳои стратегии давлат дар истиқлолияти энергетикӣ, баромадан аз бумбасти коммуникатсионӣ, таъмини аҳолӣ бо маводҳои ғизоӣ ва рушди саноат суханронӣ намуданд.