МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ СИНОИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

Корҳои ободонӣ дар доираи 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе

Published by bro on

Бо мақсади дар сатҳи баланди ташкилӣ ва маънавӣ сазовор истиқбол гирифтани 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе дар доираи Нақшаи чорабиниҳои тасдиқгардида корҳои амалӣ пайваста роҳандозӣ карда мешаванд.

Дар соли ҷорӣ дар ҳудуди ноҳия бо ташаббуси сокинон роҳҳои маҳаллаҳои Яккачинор дар масоҳати 206 метри мураббаъ, Арбобхотун дар масоҳати 960 метри мураббаъ, Озодии Занон дар масоҳати 1100 метри мураббаъ, шаҳраки Зарафшон дар масоҳати 4410 метри мураббаъ ва шаҳраки 92 дар масоҳати 600 метри мураббаъ, дар маҷмӯъ 7276 метри мураббаъ роҳҳои ҳудуди ноҳия аз ҳисоби эҳсонкорӣ таъмиру мумфарш карда шуданд.

Тибқи нақшаи чорабиниҳо 375 адад рангубори биною иншоотҳо ба нақша гирифта шуда, ба ҳолати 30 майи соли равон иҷроиш 195 адад ё ин ки 52 фоиз дар умум иҷро гардид.

Дар соли 2023 аз шумораи умумии биноҳои истиқоматӣ (96 адад) ба нақша гирифта шуда 23 адади онҳо рангубор карда шудааст, ки 24 фоизи нақшаро ташкил медиҳад.

Дар соли ҷорӣ дар ҳудуди ноҳия 26 адад партовгоҳҳо пурра азнав сохта ба истифода дода шуд. Ҳамзамон, аз тарафи КВД «Нақлиёти махсуси партовҳои сахти маиши»-и ноҳия корҳои иловагӣ роҳандозӣ гардида, 25 адад партовгоҳҳои биноҳои баландошёна (шахтаҳо) пурра таъмир карда шуд.

Корҳои ободонӣ дар ҳудуди ноҳия бо маром идома дорад.