МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ СИНОИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

КОРҲОИ ОБОДОНӢ ДАР МАЙДОНЧАҲОИ ВАРЗИШӢ ВА БОЗИИ КӮДАКОНАИ ҲУДУДИ НОҲИЯИ СИНО

Published by bro on

Дар даврони Истиқлолият дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва кӯмаку дастгириҳои Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ноҳияҳои шаҳри Душанбе якчанд боғу гулгаштҳо ва зиёда аз 250 адад майдончаҳои варзишӣ ва бозии кӯдакона аз ҷониби соҳибкорону ташаббускорон, вазорату идораҳо сохта мавриди истифода қарор дода шуданд, ки барои истироҳати шаҳрвандон ва ҷалби бештари наврасону ҷавонон ба варзиш мусоидат менамояд.
Мавриди зикр аст, ки аз шумораи умумии майдончаҳо 95 адади онҳо, инчунин боғи фарҳангӣ-фароғатии «Восеъ» ва ду адад гулгашт дар мувозинати Муассисаи давлатии «Нигоҳдошти боғу гулгашт, майдончаҳои варзишӣ ва бозии кӯдакон»-и ноҳия буда, ҳолати ободонии онҳо аз ҷониби масъулини Муассиса зери назорати доимӣ қарор доранд.
Бояд қайд намуд, ки аз тарафи кормандони Муассиса боғу гулгаштҳо ва майдончаҳои варзишӣ ҳамарӯза рубучин ва нигоҳдорӣ карда мешаванд, ки ин ҳам амалест аз овони наврасӣ дар вуҷуди инсон тарбия намудани тозагию озодагӣ ва масъулият нисбат ба муҳити зист мебошад.
Дар доираи нақшаи чорабиниҳои тасдиқгардида бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ таъмири 55 адад майдончаҳои варзишӣ ва боғу гулгаштҳо ба нақша гирифта шудааст.
Дар соли ҷорӣ шинонидани 1183 бех дарахтони сояафкан, ороишӣ ва буттагӣ ба нақша гирифта шуда, то ба имрӯз 1827 бех дарахтон дар боғу гулгашт ва майдончаҳои варзишӣ шинонида шудааст, ки 154,4 фоизи нақшаро ташкил медиҳад.
Дар доираи корҳои ободонӣ дар боғу гулгаштҳо ҳамагӣ 156150 адад шинонидани гулҳои мавсимӣ ба нақша гирифта шуда, айни замон 192475 адад гулҳои мавсимӣ шинонида шудааст, ки 123,26 фоизи нақшаро ташкил медиҳад.
Дар соли 2022 таъмири 1 адад боғи фарҳангӣ, 2 адад гулгаштҳо, 5 адад майдончаҳои варзишӣ ва дар соли 2023 -1 боғи фарҳангӣ, 2 адад гулгашт ва 10 адад майдончаҳои варзишӣ дар доираи ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ ба наҳша гирифта шуда, то ба имрӯз иҷроиши корҳо аз нақшаи пешбинишуда барзиёд иҷро гардидааст, ки 120 фоизро ташкил медиҳад.