МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ СИНОИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

МАҶЛИСИ ТАНТАНАВӢ БАХШИДА БА РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ТАҲТИ УНВОНИ “ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ – ҲАСТИИ МИЛЛАТИ ТОҶИКОН”

Published by bro on

Бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе дар доираи нақшаи чорабиниҳои тасдиқгардида бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори “Арғувон”-и Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода маҷлиси тантанавӣ таҳти унвони “ Парчами давлатӣ – ҳастии миллати тоҷикон ” баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур муовини Раиси ноҳия, мудирони шуъбаву бахшҳои дастгоҳи Раиси ноҳия, намояндагони вазорату идораҳо, кормандони соҳаи маориф, донишҷӯён ва омӯгорони донишкада иштирок доштанд.
Баъд аз ироаи паёми шодбошии Раиси ноҳияи Синои шаҳри Душанбе муҳтарам Саидзода Тоҷиддин Ниёз, ки аз тарафи муовини Раиси ноҳияи Синои шаҳри Душанбе расонида шуд, меҳмонон низ оид ба моҳияти Парчами давлатӣ ва таърихи он бо ифтихори баланди миллӣ суханронӣ намуданд.
Воқеъан ҳам миллати тоҷик аз он ифтихор дорад, ки имрӯз Парчами давлатии мо дар арсаи ҷаҳонӣ баробар бо парчами халқҳои мухталифи дунё дар пештоқи ташкилоту созмонҳои бонуфузи ҷаҳон парафшонӣ мекунад ва ба оламиён аз мавҷудияти миллати соҳибтамаддуни тоҷик ва узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳон, яъне Тоҷикистони соҳибистиқлол паём мерасонад.
Дар чорабинии мазкур Аксия тарғиботӣ ва озмуни раскашӣ бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ ташкил карда шуд, ки дар натиҷа ғолибони озмун бо диплому сипосномаҳо қадрдонӣ карда шуданд.
Баҳри болидагӣ ва рӯҳбаландии ҳозирину муҳмонон бо ҷалби ҳунармандони ҷавону боистеъдоди Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода барномаи фарҳангӣ ташкил карда шуд.