МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ СИНОИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

МАҶЛИСИ ТАНТАНАВӢ ТАҲТИ УНВОНИ “ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ЭҲЁГАРИ ДАВЛАТИ НАВИНИ ТОҶИК”

Published by bro on

Бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе дар доираи нақшаи чорабиниҳои тасдиқгардида бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз дар толори Литсейи Умари Хайём маҷлиси тантанавӣ таҳти унвони “Эмомалӣ Раҳмон эҳёгари давлати навини тоҷик” ташкил ва баргузор карда шуд.

Боиси қайд аст, ки маҷлиси тантанавии имрӯза аз се қисмат иборат буда, қисмати якум – баромади маърӯзачиён, қисмати дуюм – супоридани диплому сипосномаҳои Раиси ноҳия бо тӯҳфаҳо нисбат ба ғолибони даври ноҳиявии озмуни ҷумҳуриявии “Маснавихонӣ”, озмуни шаҳрии “Беҳтарин донандаи китобҳои Пешвои миллат”, фаъолони ноҳия ва қисмати сеюм – барномаи фарҳангӣ барои болидаруҳии иштирокчиёни ҳамоиш иборат буд.

Дар чорабинии мазкур муовинони Раиси ноҳия, мудирони шуъбаву бахшҳои дастгоҳи Раиси ноҳия, воҳидҳои сохторҳои ноҳиявӣ, вакилон, кормандони соҳаи маориф, имомхатибон, собиқадорони ҷангу меҳнати ноҳия, хонандагони колеҷи ҳарбӣ ва фаъолони ноҳия ҳузур доштанд.

Дар ибтидо аз тарафи муовини Раиси ноҳияи Синои шаҳри Душанбе паёми табрикотии Раиси ноҳияи Синои шаҳри Душанбе муҳтарам Саидзода Тоҷиддин Ниёз ба ҳозирин ироа гардид. Баъдан меҳмонон вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шомурод Рустам, узви Комиссияи марказии райпурсӣ ва интихоботи Президенти Тоҷикистон, профессор Хидирзода Махфират, намояндаи Маркази тадқиқотии стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатов Зубайдулло ва номзади илмҳои таърих ва ҳуқуқи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон Маҳмудов Давлатшо бо маърӯзаҳои худ вобаста ба корномаиҳо ва фаъолияти пурсамари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар эҳё ва устувории давлати миллии халқи тоҷик дар даврони истиқлолият баромад намуданд.

Воқеан, президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хизматҳои бузургу мондагори таърихиро анҷом додааст, ки ҳамаи ин ба манфиати мардум ва рушду шукуфоии кишвар нигаронида шудааст.