МИЗИ МУДАВВАР БАХШИДА БА РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ ДАР ДОНИШКАДАИ ТИББӢ – ИҶТИМОИ ТОҶИКИСТОН!
Дар толори Донишкадаи тиббӣ-иҷтимои Тоҷикистон бахшида ба рӯзи Президент ва Иҷлосияи 16 – уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки устодону донишҷӯён ва олимону донишмандон мизи мудаввар таҳти унвони “Рӯзи ифтихои миллӣ ва нишасти тақдирсоз” доир гардид.
Дар раванди чорабинӣ муовини Раиси ноҳияи Сино Сафарализода Ситора Сафаралӣ зикр намуд, ки аз ҳама муҳимтарин амал барои рушди Истиқлоли кишвар 16 ноябри соли 1992 дар Қасри Арбоби шаҳри Хуҷанди бостонӣ баргузор гардидани Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (даъвати дувоздаҳум) мебошад. Ин иҷлосия ва асноди ҳуқуқии он дар ҳифзи давлатдории миллӣ ва инкишофи ниҳодҳои демократӣ дар Тоҷикистон нақши муайянкунанда бозид.
Ҳамзамон мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи ноҳия Ҳасанзода Шаҳло ва мудири бахши САҲШ-И ноҳия Гулчеҳра Раҳмон дар баромадашон қайд доштанд,ки хизмати бузурги Пешвои миллат барои Тоҷикистон,ин барқарор намудани сулҳу суботи комил ва таҳкими ваҳдати миллӣ мебошад.
Мо занону модарони хушбахти даврони Истиқлолият бо шукргузорӣ аз неъматҳои бебаҳо барои таҳким ва пойдории он ҳамеша сипар бошем, бигузор аз нури хуршеди Истиқлоли чи нишони пурҷило ва парчами парафшони давлати соҳибихтиёр мо сарбаланд бошад ва аз шӯълаи ҳаетбахши истиқлол рӯзгори мардуми кишвар осоишу баракати тоза пайдо намояд.