МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ СИНОИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

МУДОФИАИ НОҲИЯВӢ – ҲОЛАТИ ТАЪЛИМИИ “ОМОДА БОШ!” ДАР ҲУДУДИ НОҲИЯИ СИНО

Published by bro on

Ҷиҳати амалӣ намудани Фармони Президентӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 декабри соли 2017, №970 “Дар бораи низомномаи мудофиаи ҳудудӣ” санаи 7 июли соли 2023 дар пойгоҳи майдони варзишии Клуби марказии артиши Вазорати Мудофиа чорабинии мудофиаи ҳудудӣ баргузор гардид.

Дар чорабинии ҳарбӣ-сиёсӣ сардори Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳ генерал – лейтенант Собирзода Эмомалӣ, Раиси ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Саидзода Тоҷиддин Ниёз, дигар  масъулону роҳбарияти Вазорати мудофиаи кишвар, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва ҳайати афсарони эҳтиётӣ ва захираҳои сафарбарии ҳудуди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе иштирок намуданд.

Нахуст, роҳбарияти мудофиаи ноҳиявӣ бо ҳайати шахсии афсарони эҳтиётӣ аз наздик ҳамсуҳбат шуда, аз вазъи омодабошии онҳо шинос шуданд.

Зимни суханронӣ сардори Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳ генерал – лейтенант Собирзода Эмомалӣ аз хизматҳои беназири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шуда,  иброз дошт, ки Артиши кишвар бо дастгириҳои ин абармарди сиёсат дар рӯзҳои ниҳоят вазнину ҳассоси таърихии миллат таъсис ёфта, имрӯз ба артиши пурқудрат мубаддал гардидааст ва амну осоиштагии имрӯзаи мамлакат маҳз дар натиҷаи заҳматҳои шабонарӯзии афсарону сарбозони далеру шуҷои Ватан аст. Бояд ҳамеша барои ҳифзи марзу буми Ватани аҷдодии хеш омода буда, барои нигошдошту ҳифзи якпорчагии кишвар тамоми қувва, дониш ва маҳорату малакаи худро равона созем.

Ҳамзамон, Раиси ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Саидзода Тоҷиддин Ниёз ҳозиринро ҷиҳати иштирок дар чорабинии мазкур изҳори сипос намуда, ба масъулин ва иштирокчиён дастурҳои зарурӣ дода, даъват ба амал овард, ки бояд якояки мо зиракии сиёсиро аз даст надиҳем ва барои ҳифзи Истиқлолу Ваҳдати миллӣ, ки пояи асосии давлату миллат ба шумор мераванд, қувваю дониши худро сарф намоем.