НАМОИШИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ ВА БАРНОМАИ ФАРҲАНГИВУ АДАБИИ НОҲИЯИ ҚУБОДИЁН ДАР БОҒИ ФАРҲАНГИЮ ФАРОҒАТИИ “КУЛИ ҶАВОНОН”
Мувофиқи нақшаи чорабиниҳои тасдиқгардидаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бегоҳирӯзӣ 2 июли соли 2023 аз соати 17:00 то 20:00 дар боғи фарҳангию фароғатии “Кули ҷавонон” барои фароғатии сокинону меҳмонон намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва барномаи фарҳангии ноҳияи Қубодиён ташкил ва баргузор карда шуд.
Дар чорабинии мазкур Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазири кишоварзии Тоҷикистон, муовини Раиси шаҳри Душанбе ва муовинони Раиси ноҳияи Синои шаҳри Душанбе иштирок намуданд. Аз ҷониби масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Қубодиён барои муаррифӣ дастовардҳои ноҳия, аз қабили ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллӣ ба намоиш гузошта шуданд.
Баъд аз суханони судманди масъулини ҷумҳуриявӣ ва шаҳрдорӣ баҳри болидагии сокинону меҳмонон аз ҷониби бахши фарҳанги мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Қубодиён барномаи фарҳангӣ ташкил карда шуд, ки дар он ҳунармандони ноҳия баромад намуданд.