НАМОИШИ ФУРӮШИ МАҲСУЛОТҲОИ КИШОВАРЗӢ ВА ТАОМҲОИ МИЛЛИИ НОҲИЯИ ҚУБОДИЁН ДАР НОҲИЯИ СИНО
Субҳи 2 июли соли 2023 дар доираи нақшаи чорабиниҳои тасдиқгардидаи Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 июни соли 2023 аз соати 08:00 то 11:00 дар боғи фарҳангию фароғатии “Кули ҷавонон” намоиши фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ва таомҳои миллии ноҳияи Қубодиён баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур Вазири кишоварзии Тоҷикистон, муовини Раиси шаҳри Душанбе ва муовинони Раиси ноҳияи Синои шаҳри Душанбе иштирок намуда, аз сатҳу сифати маҳсулотҳои ниёзи аввалияи ноҳияи Қубодиён шинос шуданд.
Барои дар сатҳи баланд баргузор намудани чорабинии мазкур мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе тадбирҳои зарурӣ андешида, шароитҳои мусоидро ҷиҳати ҳамкориҳои тарафайн пурра таъмин намуданд.