МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ СИНОИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

ПАЁМИ ШОДБОШИИ РАИСИ НОҲИЯИ СИНОИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ МУҲТАРАМ САИДЗОДА ТОҶИДДИН НИЁЗ БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОНПАЁМИ ШОДБОШИИ РАИСИ НОҲИЯИ СИНОИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ МУҲТАРАМ САИДЗОДА ТОҶИДДИН НИЁЗ БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Published by bro on

Сокинони гиромӣ,

Бо камоли эҳтиром ва самимият ҳамаи шумоёнро бо Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик намуда, бароятон саодатмандӣ, комёбиву музаффариятҳои беназир ва ба Тоҷикистони азизамон пешрафту шукуфоӣ таманно менамоем.

Мардуми сарбаланди тоҷик Парчами давлатиро ифодагари ваҳдату ягонагӣ, якпорчагиву бахту саодат, дӯстию рафоқат ва волотарин орзуву омоли худ медонанд, ки дар тарбияи насли ҷавон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, ифтихор ва ҳуввияту худшиносии миллӣ нақши муҳим дорад.

Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари Конститутсия, Нишон ва Суруди миллӣ рамзи муқаддаси давлат ва нишонаи соҳибихтиёрии давлату миллат дониста шуда, дар мақоми худ равшангари таърих, сарнавишти миллату давлат, инъикосгари фарҳангу тамаддун ва орзуву ормони мардум маҳсуб меёбад.

Рамзи давлати навбунёду соҳибихтиёри миллати тоҷик – Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи ҳассоси таърихӣ зимни баргузории 16-умин ҷаласаи Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 1992 қабул гардида, он мояи ифтихор ва сарфарозии мардуми сарбаланди миллати тоҷик мебошад.

Миллати тоҷик аз он ифтихор дорад, ки Парчами давлатии мо дар арсаи ҷаҳонӣ баробар бо парчами халқҳои мухталифи дунё дар пештоқи ташкилоту созмонҳои бонуфузи ҷаҳон парафшонӣ мекунад ва ба оламиён аз мавҷудияти миллати соҳибтамаддуни тоҷик ва узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳон, яъне Тоҷикистони соҳибистиқлол паём мерасонад.

Дар иртибот ба ин бояд ҳамеша саъю талош намоем, ки Парчами давлатии мо ҳар шаҳрванди бонангу номусро ба ифтихор аз давлату давлатдорӣ, таҳкими истиқлолияти миллӣ ва пеш аз ҳама, ба ҳифзи дастовардҳои он ҳидоят намояд.

Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рамзи кишвари озоду соҳибистиқлол, демокративу ҳуқуқбунёди миллати тоҷик буда, нишонаи олии тамаддунофарӣ, созандагӣ ва муборизаи халқи шарифи тоҷик дар роҳи озоду истиқлолхоҳӣ мебошад.

Бигзор Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чун рамзи ифтихори ҷовидонии миллат ва муҳаббату садоқати мардуми шарифи тоҷик ба Ватани соҳибихтиёру обод то абад парафшон бошад.

Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак бошад!